Ба ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид

Имрӯз, дар қасри фарҳанги Сӯғдиёни шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз…” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин ба як қатор ректорон ва омӯзгорон ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар ин қатор ба ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ барои тарбияи ҷавонони фаъол ва мутахассисони варзидаи соҳа Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини вазир Қодирзода Диловар  супорида шуд.