Мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи кӯҳию металлургии Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дирӯз, як гурӯҳ омӯзгорон зери роҳбарии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои илмӣ- педагогӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони Донишгоҳи кӯҳию металлургии Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тариқи маҷозӣ мулоқот намуданд. 

Зимни муколама ҷонибҳо ба тафовуқ расиданд, ки ҷиҳати ҳамкориҳои судманд равобитро қавитар намоянд ва аз таҷрибаҳои озмоишгоҳӣ ҳамдигарро дар ҷараён гузоранд.