Хотирот аз даври омӯзишӣ барои китобдорон

Бо фармони ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  аз 9- уми феврали соли 2023 то 16-уми марти соли равон мо кормандон  китобхонаи илмӣ – электронӣ дар симои директори китобхона Ӯзбекова Баҳринисо ва масъули китобхонаи электронӣ Салимзода Неъмат ба курси такмили ихтисос ба китобхонаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров фаро гирифта шудем.

Дар курси омӯзишӣ ба мо як қатор омӯзгорони пуртаҷриба аз шаҳри Душанбе Мансуров ва Комилзода Шариф  аз Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд Ҳакимова М. Солиҷонов ва худи директори китобхонаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд Самадова Дилбархон дарс гузаштанд.

Дар он ҷо қариб 30 нафар китобдорон аз ҳама донишгоҳҳои вилоят иштирок намуданд, ки ин барои мо китобдорон як давраи омӯзишии беҳтарин буд ва мо аз он омӯзгорони пуртаҷриба бисёр чизҳои заруриро ёд гирифтем ва бо ҳамаи китобдорони шаҳру вилоят аз наздик шинос шуда, аз рафти корашон огаҳӣ пайдо кардем.

Ӯзбекова Баҳринисо

Директори китобхонаи илмӣ- электронии донишкада