ОБОД ШУД ТОҶИКИСТОН, ЧУ ОМАД САРВАРИ ДАВРОН

Тоҷикистонам  диёри  беназир,

Хишти  хоки  давлатат  поянда  бод.

Ҳаргиз  озоре  набини  баъд  аз  ин,

Шоҳсутуни  давлатат  поянда  бод.

 Оре, шукрона кунем ба тинҷию оромӣ, ҳамдигарфаҳмиву дӯстӣ ба тантанаи сулҳу субот ва Истиқлолияти миллат.  

Истиқлолият – ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои кулли тоҷикистониён маҳсуб меёбад. Соли 1991 мардуми тоҷик истиқлолияти давлатии худро соҳиб гардид ва дар арсаи олам ҳамчун давлати соҳибистиқлол мавқеи худро ишғол кард.

Соҳиб шудан ба истиқлолият, бо роҳи осоишта ба  амал омад, ки ин падидаи беҳтарин дар  ҳаёти сиёсию ҷамъиятї буд. Мавриди зикр аст, ки баъд аз ноил гардидан ба  мустақилї, кишвари моро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт. Таърих гувоҳ аст, ки қисмат ба рӯи халқи тоҷик  басо рӯзҳои сангин, ғаму андӯҳу фироқро рӯ ба рӯ гардонидааст. Ҷанги шаҳрвандӣ бо хонавайрониву дарбадарии ҳазорҳо одам, сӯхтору кушторҳои беамон, изи хунини худро дар ҳудуди мамлакат гузошта, модаронро бо доғи фарзанд сӯзонд.

       Парокандагӣ, гурезагӣ, дур аз Ватан ҷон додану дар ғарибӣ зистан, вайронии хонаву дар ва фалаҷшавии иқтисоду талафоти ҷонӣ-чунин  буд  натиҷаи  ин  ҷанги  бемаънӣ.

       Дар он солҳо Бузургони миллат, аҳли хираду зиё ба андешаю талоши ваҳдат афтода буданд. Чӣ  монеаҳои пеш омад, онҳоро чӣ қадар афроди барҷаста куштаву қурбон гаштаанд, вале  ба ҳар навъ ба он неъмате, ки барояш талош доштанд  ба даст омад. Ин неъмати бебаҳо масъалаи ҳастӣ ва ё нестии миллатро ҳал мекард, зеро агар ба зуди пеши ҷанги  бародаркуш  гирифта намешуд, анъанаҳои миллӣ аз байн рафтанаш мумкин буд. Мардуми олам тоҷиконро чун  миллати  сулҳпарвару меҳмоннавоз  ва  шоиртабъу зебоипараст  эътироф кардаанд.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, ҷаноби Олӣ  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он замон барҳақ чунин иброз дошта буданд, ки “Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба  қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ  дорем”.

Оре, ҳақ бар ҷониби Сарвари хирадманду адолатгустари мо, ки истиқлолияту ваҳдатро ҳамчун номаи тақдири миллат, омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият тафсир кардаанд.

Мавриди зикр  аст, ки маҳз Пешвои муаззами миллатамон ба мо тоҷикон  сулҳу субот,  тинҷиву оромӣ  оварданд.  Ин фарзанди тавоно ва ба муҳаббати ватан содиқ  баҳри шукуфонии давлат, сулҳу  устуворӣ, ваҳдату истиқлолият  ба ҳар ҷое, ки зарур буд рафтанд. Худро дар хатар гузоштанду дар охир муваффақ шуда калиди давлатдориро ба даст гирифта, хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз миён бардоштанд ва сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро устувору барқарор ва оташи  ҷанги шаҳрвандиро  хомӯш   намуданд.

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба мазмуни ягонагии халқи тоҷик, якдилию якмаромии шаҳрвандони кишвар, иттиҳоди тоҷикони ҷаҳон бори аввал дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллатамон ва осори арзишманди эшон мавриди истифода қарор гирифт.

Барҳақ, агар бунёди давлати миллӣ яке аз арзишмандтарин дастовардҳои мо тоҷикон дар замони соҳибистқлолӣ маҳсуб ёбад, пас  ваҳдати миллӣ ва ҳамчун кишвари сулҳофарин ва тарғибгари сулҳ эътироф шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди дигари замони соҳибистиқлолии  мост.

Созмони Миллалии Муттаҳид формулаи сулҳи тоҷиконро эътироф намуда, баҳои баланд дод ва дар кишварҳои ҷангзада истифода кардани онро ҳангоми низоъҳои дохилӣ ба манфиати кишварҳо  донист.

Аз ин рӯ, ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ, обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи бийналмиллалӣ  боло  бардошт.

      Таърихи начандон тӯлонии даврони  Истиқлолият собит месозад, ки мардуми тоҷик ва давлати ҷавону соҳибистиқлоли мо ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

         Гузашта аз он, истиқрори сулҳу субот, ваҳдату истиқлолият  дар Тоҷикистон ба фаъолияти сиёсии сулҳофарини Сарвари давлат вобастагии қавӣ дорад ва тамоми раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба фаъолияти Пешвои муаззами миллатамон алоқаманд аст.

Миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба гузаштаи худ нигоҳ кард, тамоми раванди пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, илмию фарҳангии Ҷумҳуриро  таҳлил кард, қаноатманд ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии замони муосир гашт ва ба як хулосаи ҷиддӣ омад – роҳи  ӯро  ба ояндаи  дурахшон танҳо Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалї Раҳмон муайян карда метавонанд ва маҳз ӯро ПЕШВОИ  худ  хонданд.

Ҳоло вақти он аст, мо ҷавонон аз ин шахси абармарди миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ибрат омӯхта, барои боз ҳам гул – гулшукуфии кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Тоҷикистонам  ҷавон  аст  роҳи  Сомон  меравад,

Бо  дурахши  тоҷу  тилло  шеъри  Яздон  меравад.

Сарвари  хубаш  Худо  аз  насли  деҳқон  додаст,

Бо  садоқат  баҳри  миллат  шоду  хандон  меравад.

Ваҳдати  тоҷикзабонро  хоҳад   ӯ  пайванди  нав,

Бо  ҷасорат  ҳар  куҷо  бо  амри  виҷдон  меравад.

Шукри  нек  моро  ба  бад  ҳаргиз  насозад  рӯ  ба  рӯ,

Бо  тамоми  ҳастияш  бо  аҳду  паймон  меравад.

Мо  ҳама  як  дилу  як  рӯ  як  забон  бошем  ба  ӯ,

Тоҷикистони  азиз  гул-гул  шукуфон  меравад.

 

 

                                                 омӯзгори  факултети электромеханика

                                                кафедраи фанҳои гуманитарӣ иҷтимоӣ

                                                     Қутбидинова   Бирафоат  Отабековна