Баргузории ҷаласаи назоратӣ дар донишкада

Имрӯз ректори донишкада дар толори шурои олимони донишкада бо ширкати муовинон, деканҳо ва дигар мудирону сардорони сохторҳои идорӣ ҷаласа баргузор намуд. Дар ҷаласаи мазкур аслан масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тарбияи ватандӯстиву меҳнатдӯстии донишҷӯён, таҷрибаомӯии донишҷӯён, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, табодули донишҷӯён бо донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳову марказҳои таълимии бузурги Чин, Амрико ва Русия, гузаронидани дарсҳои амалӣ дар корхонаҳои саноатӣ, омода намудани донишҷӯён ҳаичун мутахассисони варзидаи соҳа ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ карда шуд.

Зимни баргузории ҷаласа назари муовинон ва мудирону деканҳо низ шунида шуд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба тамоми ҳозирин дастур дод, ҳамаи масъалаҳоро ҷиддӣ омӯхта аз натиҷааш гузориш диҳанд. 

Ёдовар мешавем, ки ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати гузаронидани дарсҳои амалӣ дар корхонаҳои саноатӣ талош намуда, айни замон маҳз бо ташаббуси ӯ дар 13 корхонаиҳои саноатӣ филиали кафедраҳои донишкада амал мекунад.