Боздиди муовини ректор Аминҷонова Мавлудахон аз хобгоҳи донишҷӯён

Имрӯз муовини ректор оид ба корҳои тарбияи  донишкада Аминҷонова Мавлудахон аз хобгоҳи рақами 1 боздид ба амал оварда бо донишҷӯён аз наздик мулоқот намуд. Мавсуф аз ҳоли донишҷӯёни муқими хобгоҳ пурра огоҳ гардида, роҷеъ ба назофату тарбияи ватандӯстӣ сухан ронда ба донишҷӯён риояи қоидаҳои буду бош дар хобгоҳро тавсия дода аз онон талаб намуд, ки бо ахлоқи хубу намунавӣ зисту зиндагӣ намоянд.