ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРИ-ИҶТИМОӢ: РОҒУН МАКТАБЕ АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛАТ АСТ!

Бузургтарин дастоварди ҳар миллату давлат ин истиқлолият ва бозёфтҳои илмии бузург мебошад. Пас аз ба даст овардани истиқлолият мардуми тоҷик ҳам баҳри ноил гардидан ба арзишҳои бузург ва пайдо намудани ҷойгоҳи хоси хеш дар арсаи байналмиллалӣ   талош намуд ва албатта ҷойгоҳи намоёнеро дар ин роҳ сазовор гардид. Яке аз роҳҳое, ки барои миллати тоҷик дар рӯзҳои нахустини мустақилият мушкил буд ин интихоби роҳбар ва ё худ сарваре буд, ки битавонад ин миллатро дарк кунад ва баҳри расидан ба имконияту дастворди бузург мусоидат намояд. Ва ҳамин буд, ки миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбар интихоб намуд ва ин албатта интихоби дурусту саривақтӣ буд. Интихобе, ки миллатро тавонист аз вартаи нобудӣ ва ҷаҳолат наҷот диҳад…

Имрӯз мо пас аз гузаштани чанд сол дарк менамоем, ки чӣ гуна Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум, муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, пайдо намудани ҷойгоҳи хос дар олам чи гуна ҷоннисориҳо мекунанд ва  шоҳиди ин ҳама корнамоиҳову талошҳо низ гардидем.

Маҳз ҳамин ҷасорату шуҷоат ва муҳаббат ба меҳану миллат буд, ки имрӯз мо мардуми Тоҷикистон соҳиби зиндагии шоиставу арзанда ва субботи баркамол ҳастем. Дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият моро ба ҳайрат меоварад ва Тоҷикистон имрӯз дар мақоми баланд қарор дорад. Ин ҳама барои миллати тоҷик беҳуда даст надодааст ва бояд ба қадри ҳама неъматҳову арзишҳои истиқлол расид.

Ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат худ як нишон аз расидан ба марҳилаи бузурги созандагиву бунёдкорист. Ва мо бо ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо соҳиби истиқлолияти энергетикӣ мегардем, балки ба минтақа ва дигар талабгорон низ барқ медиҳем ва ин атои нур аз ҷониби Тоҷикистон басо амали неку муфид аст. Бунёди ин нерӯгоҳи беназир дар ҷаҳон барои ҷомеаи тоҷик на танҳо як нерӯгоҳ аст, балки амалӣ гардидани орзуву ният ва муваффақияти ваҳдати миллат аст. Ин на танҳо як майдони сохтмону созандагист, балки майдони нангу номус ва мактаби бузурги созандагиву ватандорист.

Халқи тоҷик дубора исбот намуд, ки метавонад дар муттаҳидӣ ба бузургтарин дастовардҳо ноил шавад ва ба ба ин ҳам метавон мактаби номусу иродаи қавӣ ном ниҳод.