НОҶАВОНМАРДИРО МИЛЛАТ НАМЕБАХШАД

Дар ҳақиқат донишмандони мо дар мақолаи «Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус» хеле озодандешона ва ҳақиқатнигорона андешаҳои худро дар қолаби мақсаду маром ҷо додаанд ва ҳадафрас анҷом бахшидаанд. Хусуси дар мусибат ба ҷои ҳампаҳлӯ будан ва дар мушкилоти ба сари миллат омада аз дур истодаву тамошобин гардидан, далели ноҷавонмардист хеле суханҳои арзишманд баён кардаанд. Имрӯз Ҳукумати мамлакат чораву тадбирҳои саривақтӣ анҷом медиҳад, ки ҳарчӣ зудтар пеши роҳи ин бемориро бигирад. Аммо ҲНИчиҳо худро дар канор гирифтаву гӯё ин фоҷиаро дер боз интизорӣ мекашиданд ва инак ба мақсади худ расиданд, ки табли шодӣ мезананд. Гӯё ин миллат, ин давлат, ин халқ аз табору аз эшон нест ва куллан бегона аст. Дар ҳақиқат аз рӯи маълумотҳои гирдовардаи мақолаи мазкур пай бурдам, ки ин шахсиятҳое, ки санги маломату бӯҳтон ба сари миллати мо мезананд аз табори шахсиятҳои нопоку ноинсоф ва хештанношиносанд. Чуноне Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

          Шамшери нек аз оҳани бад чун кунад касе?

          Нокас ба тарбият нашавад, эй ҳаким, кас.

          Борон, ки дар латофати шабъаш хилоф нест,

          Аз боғ лола рӯяду аз шӯрабум хас.

Ё ҷои дигар таъкид карда ки

          Гургзода гург шавад,

          Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад.

          Ман ин кӯрнамакиву нотавонбинӣ ва ноуҳдабароии  шахсонеро ба мисли Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ ва Муҳаммадиқбол чунин медонам, ки онҳо манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои миллӣ воло медонанд ва бо ҳаросафканиву ваҳмэҷодкунӣ дар дили ҳамватанони худ дигар кореро анҷом дода наметавонанд. Магар дар дигар давлат шаҳрвандон аз ин беморӣ ҷон намедиҳанд? Ё дар дигар кишвар аллакай ин беморӣ наомада ҳама беморхонаву доруву дармони худро тайёр карда буданд? Ҳаргиз! Абарқудраттарин мамлакатҳои олам имрӯз азияти иқтисодиву иҷтимоиву равонӣ мекашанд на танҳо мо. Набояд фаромӯш кард, ки ҳеҷ вабое дар сайёраи замин абадан боқӣ намондааст. Ҳар ноумедӣ дар пай рӯзи неке дорад. Ҷор андохтани ҷанозахабаркунакҳои сайтҳои иҷтимоӣ (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) рӯзе мерасад, ки поён мепазирад.

Набояд дар рӯзи фоҷиаи миллат ё фанои шаҳидон дар расонаҳои иҷтимоӣ табли шодӣ зад. «Касе назди Аншервон омад ва мужда дод, ки фалон душмани туро худо бардошт.

Гуфт:

-Ҳеҷ шунидӣ ки маро бигзошт?

          Агар бимурд адӯ ҷои шодмонӣ нест,

          Ки зиндагонии мо низ ҷовидонӣ нест»

Ҳатто душманат бошад дар рӯзи марги ӯ шодмонӣ накун, ки ин нардбони ғам сари боми ҳама хоҳад буд.

          Эй хоинони миллат, (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) ҳушёр бошед, ин миллат ноҷавонмардиҳои шуморо дар дафтари хотираҳои худ сабт карда истодааст, ҳоло расад рӯзе, ки онро бихонед ва аз дида хун биборед.

Осими Оқил