Нишасти матбуотии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз, нишасти матбуотии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  тибқи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 15.09.2011с. №АП -1729 ва мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз санаи 25.01.2022с. оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ бо ширкати намояндагони васоити ахбори оммаи вилояти Суғд баргузор гардид.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нишастро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шуд ва дар ин самт мо низ талош менамоем, ки саҳми арзандаи хешро гузорем. Ва илова намуд, ки имсол дар партави сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишкада як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба анҷом расонида шуд, ки аз ҷумла Маркази бақайдгириву тестӣ, хобгоҳи рақами 3-и донишкада, майдончаи теннис бо ширкати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, дар донишкада имсол факултети нави иқтисодиёти саноатӣ ва кафедраи менеҷмент бо ихтисосҳои нав таъсис дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки сифати таҳсилот имсол дар донишкада беҳтар гардида, донишомӯзии донишҷӯён бештар гардидааст. Бо зиёда аз 72 корхонаи саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки донишҷӯён дар он корхонаҳо дарсҳои амалии худро мегузаранд.
Ҳамзамон, бо ин корхонаҳои саноатӣ хатмкунандагон, тибқи шартномаи баимзорасонидашуда фиристода мешаванд, яъне донишкада талош менамояд, ки тамоми хатмкунандагонро бо ҷойи корӣ таъмин намояд.
Феълан барои бо ҷойи кор таъмин намудани 5000 ҳазор нафар мутахассис аз ҳисоби хатмкардаҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо корхонаи ҶДММ КМ “Зарафшон” шартнома ба имзо расонида шудааст.

Ҳамчунин, дар соли 2021 дар дар донишкада зиёда аз 250 семинару симпозиум ва форуму конфронсҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.
Дар донишкада имсол дар озмуни олимони ҷавони Иттиҳоди давлатҳои мустақил омӯзгори донишкадаи Саидов Асомиддин ширкат намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Дар озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” ду нафар омӯзгорони донишкада Раҳимов Ҳаётқул соҳиби ҷойи дуюм ва Қодиров Абдурашид соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

Ҳамзамон, дар ин давраи ҳисоботӣ 5 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадии хешро дар равияҳои иқтисодиву техникӣ дифоъ намуданд ва дар назар аст, ки имсол сафи олимони ҷавон боз ҳам зиёдтар карда шавад, гуфт ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ.
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ ҳамчунин, таъкид карда шуд, дар назди донишкада Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова, Донишкадаи Конфутсий ва академияи CDIO амал менамояд, ки дар пешрафти илму маориф саҳми арзанда мегузоранд.

Ёдрас карда шуд, ки имсол бо ташаббуси раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад ба мактаб-интернати рақами 40-и шаҳри Конибодом чандин маротиба кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд.
Сипас, ба чанд суоли рӯзноманигорон муовинони ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда низ посух гуфтанд.

Дар интиҳо таъкид карда шуд, ки раёсати  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон талош мекунад, то таҷлили 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар рушди саноатикунонии мамлакат саҳм гузошта, бо дастовардҳои беназир ин санаҳои муҳимро таҷлил намояд.


Шуъбаи иттилоот