НАҲЗАТИЁН ЧАРО МАРДУМФИРЕБӢ МЕКУНАНД?

Дирӯзу имрӯз барои миллати тоҷик як раванди нав аст ва пеш аз ҳама дар ин айём миллати тоҷик тавонист душманони худро бишносад. Ин душманони қотил аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки онҳоро бо номи наҳзатиён мешиносанд. Бале, ҳамон наҳзатиёни террорист ва қаллобу хоин!

Наҳзатиён ҳамон ташкилкунандагони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамон душманони миллати тоҷик ҳастанд, ки бар алайҳи миллат меҷанганду барои нест намудани истиқлолият ва ободиву осудагии миллат  кӯшиш мекунанд. Ҳоло душманони миллати тоҷик ҳамон хоҷагони хориҷии наҳзат барои амали гардонидани нақшаҳои душманонаашон наҳзатиёни террористро сармоягузорӣ мекунанд, то ин наҳзатиёни малъун бар Ватан ва миллати мо хиёнат кунанд. Яъне, наҳзатиён ва дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ имрӯз омодаанд, то ҳар лаҳза ва ҳар дақиқа аз барои пул шуда, нисбати миллати тоҷик душманӣ варзанд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо наҳзатиён террорист ва хиёнаткор дар хориҷ истода иғвобарангезиву дасисабозӣ мекунанд.

Ҳақиқат ин аст, ки наҳзатиён на фарҳанг ва сирати инсонӣ доранд ва на ахлоқи хуби шаҳрвандӣ. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ бар зидди ҷомеа баромада, кӯшиш ба харҷ медоданд, то мустақилияти давлати тоҷиконро халалдор созанду миллатро ба нестӣ баранд.

Наҳзатиёни манфур ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданд ва зиёда аз 160 ҳазор шаҳрванди бегуноҳи кишварро ба қатл расониданд, ки ин хиёнати бузург ва ҷинояти вазнини наҳзатиён ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

Наҳзатиёни муздур ва хоину зархарид ҳамеша аз номи дин баромад намуда, марудмро гумроҳ мекарданду фиреб дод ва дар пайи ин нақшаву лоиҳаҳои хоҷагони хориҷии худ, ки душманонаву хоинона аст, амалӣ менамуданд. Зеро наҳзатиёни террорист ва хоин ба ҷуз хиёнат ва фиреби миллат ва ҳамчунин аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон дигар нақша надоштанд ва ҳар лаҳза кӯшиш мекарданд, то ҳамин нақшаи бузургро амалӣ гардонанд. Яъне, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳатто хостори давлатдор будани миллати тоҷик набуданд ва имрӯз ҳам намехоҳанд, ки миллати тоҷик соҳибистиқлол ва босаодат бошад.

Аз ин рӯ, мешавад наҳзатиёни хунхор ва разилу касифро душмани миллати тоҷик ва озодиву сулҳу салоҳ дар тамоми ҷаҳон номид.

Ғафоров Х.Н.

омӯзгори ДКМТ