МАКРУ ДУРӮҒИ АВРУПОИИ НАҲЗАТӢ

Ҳоло дигар мебинем, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ пас аз фирор намуданашон ба хориҷ аз кишвар бештар дар минтақаи Аврупо  ҷой гирифтанду он ҷо талош мекунанд, супоришҳои хоҷагони хориҷияшон амалӣ созанд. Яъне, бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранд. Наҳзатиёни хоин ва террорист ҳоло дар кишварҳои Аврупо чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, ки мақсаду маромашон аз таъсиси  ин шабакаҳо  гумроҳсозии ҷомеа мебошад.

Ҳарчанд наъзатиёни хоин ва террорист то соли 2015 дар кишвар расман фаъолият мебурданду ба чашми давлату миллат хок пошида, пинҳонӣ душманӣ меварзиданд, аммо ҳодо дигар ошкоро фаъолияти террористӣ ва хоинӣ мебаранду талош мекунанд, то бар давлати миллии тоҷикон хиёнат кунанду сулҳу ваҳдати миллатро барҳам зананд.

Аз аввали таъсисёбияш ТТЭ ҲНИ мақсадҳои нопок ва душманона дошту миллати тоҷик инро пай набурд, аммо оҳиста-оҳиста  ин ҳама ниятҳои нопок ва амалҳои хиёнаткоронаи наҳзатиён ба ҷомеа маълум гардид ва миллати тоҷик донист, ки наҳзатиёни хоин муздурону зархаридони хоҷагони хориҷияшон ҳастанду бештар барои  амали сохтани фармони хоҷаашон фаъолият мебаранд. Воқеан ҳам дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” атрофи ин падидаи номатлуб ва душманонаи наҳзатиёни манфур ва палид  хеле маълумоти дақиқ ва муфассал оварда шудааст, ки ҳамватанонро бо ҷиноятҳо ва разолату хунхории наҳзатиён, ки дар солҳои 90-ум анҷом дода буданд, ошно месозад ва чеҳраи аслии наҳзатиёни хоину хиёнаткор ва террористро ошкор мегардонад.

Ҳоло  бо ошкор шудани чеҳраи аслии наҳзатиён имрӯзҳо хоинони муздур ва палидони наҳзатӣ талош мекунанд, то мардумро бо суханон ва шиорҳои бардурӯғи худ  гумроҳ созанд ва ҳамин аст, ки дар Аврупо худро ҳоми демократия вонамуд сохта, имрӯзҳ аз демократия мегӯянд. Аммо суоле ин ҷо пайдо мешавад, ки магар шумо наҳзатиён набудед, ки дар солҳои 90-ум шиорҳои монанди “Марг бар демократия”-ро мехондед?

Оё аз забони шумо наҳзатиён шиори “Марг бар Амрико” садо намедод?

Шиори “Марг бар Амрико” аз шиорҳои аслии хоҷагони хориҷии наҳзатиён асту наҳзатиёни хоин инро дар солҳои 90-ум истифода мекарданд ва ҳоло дигар намедонам чаро имрӯз аз демократия мегӯянд?

Магар ин ҳама амалҳои наҳзатиён фақат ба хотири фиреб додани насли ҷавони миллат нест?

Бузургсолон ҳама хуб медонанд, ки бо шиорҳову суханбозиҳо як маротиба аъзоёни ТТЭ ҲНИ миллатро ба коми ҷанг кашиданду он замон даъво аз барои дину мазҳаб буд. Аммо имрӯз чаро наҳзатиёни хоин аз демократия мегӯянд?

Бояд таъкид намуд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ, наҳзатиён  ва ҳама он аъзоёни ТТЭ ПМТ душманони миллати тоҷик ҳастанду бар алайҳи тоҷику тоҷикистонӣ мубориза мебаранду мақсаду маромашон палидонаву разилона аст, ки як маротиба аллакай барномаи душманонаашонро дар солҳои 90-ум миллати тоҷик дид. Ҷанги шаҳрвандии ташкилкардаи наҳзатиён кишварро аз лиҳози иқтисодӣ ба даҳсолаҳо ақиб кашонд, ки ин хиёнати наҳзатиён ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

Ин ҳам боз як навъ фиреб ва дурӯғи наҳзатиёни манфур ва манқурту хоин аст, ки мешавад онро ин дафъа фиребу найранг ва макри аврупоии наҳзатӣ номид.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ