Мусоҳибаи вижа бо муовини аввали ректори донишкада, профессор Насриддинов Замониддин

Бахшида ба иди касбии геологҳо, ки ҳамеша рӯзи 9 декабр таҷлил карда мешавад, бо муовини аввали ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон номзади илмҳои геологӣ- минералогӣ, дотсент Насриддинов Замониддин Зайниддинович гуфтугӯе доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон менамоем. 
Имрӯз, дар ҷумҳурӣ рӯзи геологҳо мебошад, аз Шумо хоҳиш мекардам, то барои хонандагон дар бораи геология чанд ҳарфе гуфта бошед.
Ташаккур аз Шумо, ки дар рӯзи геологон ба мо таваҷҷӯҳ зоҳир намудед. Геология илмест, ки заминро меомӯзад. Геологон дар рӯи замин сайёҳат намуда, конҳои канданиҳои фоиданокро аз қабили тилло, нуқра, мису оҳан, нафту газ, сурмаву сурб, сангҳои шаронбаҳову ороишӣ ва амсоли онро иктишоф ва дар истихроҷи онҳо иштирок мекунанд. Замин маҳз ба геологон калиди хазинаҳои ганҷҳои худро додааст.
Геологияи тоҷик имрӯз дар чӣ вазъ қарор дорад?
Вазъи геологияи тоҷик ва умуман минтақа дар даврони ҳукмронии давлати шӯроҳо ба авҷи аълояш расида буд. Пас аз ҷангҳои шаҳрвандӣ дар кишвар вазъи геология дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, осеби ҷиддӣ бардошт. Қисми зиёди мутахассисони соҳа аз кишвар хориҷ шуданд. Маълумотҳои зиёде, ки характери махфият доштаанд, аз даст рафтанд. Аммо акнун, бо ибтикори Пешвои миллат, ин соҳа аз нав маблағгузорӣ шуда истодааст. Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ба маҷрои нав баромада истодааст. Ҷалби сармояи хориҷӣ ва корҳои истихроҷӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, раванди коркарди конҳоро вусъат бахшид. Геологияи тоҷик маҳаки асосии расидан ҳадафи чоруми миллӣ гардида аст.
Ҳамчун мутахассис имкониятҳои саноатии Тоҷикистонро чӣ гуна баҳо медиҳед?
Имкониятҳои саноатии кишвари мо қобили қиёс нестанд, онҳо фавқулодда ҳастанд. Мо равандҳои саноатикунонии дилхоҳ навъи маҳсулотро таъмин карда метавонем. Дар таъмини равандҳои истеҳсолии маҳсулотҳои саноатӣ бо дилхоҳ мамлакатҳои пешрафта ҳамкорӣ карда метавонем. Бо такя аз конҳои канданиҳои фоиданок тавлиди беш аз ҳазор навъи маҳсулоти серталабро дар Тоҷикистон метавон ба роҳ монда, бозори онро дар минтақа ва ҷаҳон ба даст овард.
Друст аст, ки мегӯянд, геология қабл аз шӯравӣ ҳам дар сарзамини мо шинохта шуда буд ва олимони мо, яъне аҷдодонамон дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додаанд?
Бале, чи хеле дар боло қайд кардем, геологияи шӯравии минтақа мавқеи хоси рушди худро соҳиб будааст, ки дар рушди он бешак олимони тоҷик нақши бузург бозидаанд. Саҳми онҳо агар бузург намебуд ба унвонии онҳо ва минтақаҳои кории онҳо минералҳои наверо номгузорӣ намекарданд. Чунончи Файзиевит, Баротовит, Авитсенит, Дустматовит, Дараипиёзит, Таджикит, Ориёнит ва амсоли он, ки як ифтихори миллӣ дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Аммо пеш аз шуравӣ, пурра илми геология ё худ заминшиносӣ ба шонаҳои олимон аз қабили аҷдодони мо бор будааст. Осори илмии Сино ва Берунӣ дар ин масъала як шаҳодатномаи таърихӣ ҳастанд. Маҳз Сино аввалин классификатсияи минералҳоро пешниҳод кардааст. Тарзу усули шинохт ва коркарди сангҳои қиматбаҳоро Берунӣ таҳқиқ кардааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ дар минтақа, дар конҳои канданиҳои фоиданок аз қабили Ванҷ, ин масъаларо пурра бозгӯ кардаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров низ дар китоби худ “Тоҷикон” ин масъаларо пурра таҳқиқ кардааст, ӯ қайд мекунад, ки мардуми Хитой маҳз аз аҷдодони мо шинохт, коркард ва ҳосил кардани шишаро омӯхтаанд. Хулоса, ин масъала баҳси таърихӣ надорад ва бо ҳазорон санадҳои боэътимод саҳми аҷдодони моро дар рушди илми геология, тасдиқ мекунад.
Бисёриҳо геологияро на ҳамчун пеша ё касб, балки як шуғли дӯстдошта ё хоббӣ мепиндоранд, шумо чӣ назар доред?
Бале, дуруст савол гузоштед, ки пешаи геология бештар аз як ихтисос буда, балки як хоббӣ гардидааст. Имрӯз ба истиснои геологон ҳамаи намояндагони касбу корҳо хастаҳолу асабӣ менамоянд. Ин ба он вобаста аст, ки геологон ҳамеша дар ҳавои софу тозаи кӯҳу пуштаҳо дар саёҳат ва ҷустуҷӯи минералҳои зебову аҷоиб ва ба ин васила кушодани конҳои канданиҳои фоиданок, фарсахҳо масофаҳоро пиёдаву савора гардиш карда, дар зери осмони кушоду зебо, кору меҳнат ва шабҳоро рӯз мекунанд. Хӯрок мепазанд, муаммоҳои касби худро аз саҳифаҳои конҳои канданиҳои фоиданок ҷӯё мешаванд. Симу зару гаҳвару марворид меёбанд, ки ба онҳо қувваю илҳоми бештари кориву зеҳнӣ ато мекунад.
Ба геологҳои ҷавон чӣ тавсия медиҳед?
Академик Рауф Баротов мефармоянд, ки геолог он чиро мебинад ва меёбад, ки медонад. Ман ба геологон ва дӯстдорони кӯҳу канданиҳои фоиданок чунин тавсия медиҳам, ки бештар омӯзанд ва кӯҳгардӣ кунанд.
Дар интиҳо мехостам, пешниҳодҳо ва нақшаҳои хешро барои рушди геология мегуфтед.
Нақшаҳои мо албатта ба рушди геология мусоидат мекунанд, зеро мо дар ДКМТ ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси корию илмии соҳа машғулем. Таҳқиқотҳои васеи соҳавӣ, ба ин васила навишти китобҳо машғулем. Барои коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки кишвар сармояҳои хориҷӣ ва дохилиро роҳбаладӣ менамоем. Илми соҳаро дар истеҳсолот татбиқ менамоем. Орзуи онро доштам, ки шумо як муҳосибаи ихтисосӣ бо узви вобастаи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Абдулҳақ Файзиев, ки ба ифтихорашон минерал номгузорӣ шудааст, анҷом медодед. Он кас аз охирин намояндагони геологияи шӯравии тоҷик ҳастанд, ки дар рушди соҳа заҳматҳо кашидаанд. Боварӣ дорам хеле сухани гуфтанӣ доранд.
Дигар пешниҳоди ман дар арафаи ироаи  Паёми Пешвои муаззами  миллат  ин таъсиси вазорати геология ҳаст, зеро мо бо доштани 93% кӯҳсор аз ҳудуди умумии кишварамон чунин ниҳоди давлатии муассир ба рушди соҳаро надорем. Ба ҳамватанон сиҳат ва саломатӣ орзу мекунам. Бигузор чун қуллаҳои кӯҳсорони Бадахшон сарбаланд бошанд!
Ташаккури зиёд, барои як суҳбати хуб. Иди касбӣ бар Шумо муборак бошад!

Насриддинов З.З. – бо шогирдон дар майдонӣ корӣ