Ширкати омӯзгорони донишкада дар конфронси Душанбе

Санаи 09.12.2021 дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкаи кӯхию металлургии Точикистон бахшида ба  “Рӯзи геологҳо” конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Рушди соҳаи геология дар 30-соли соҳибистиқлолии кишвар, мушкилот ва дурнамои ҳалли онҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур омӯзгорони донишкада, муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад, омӯзгори калони кафедраи геология ва корҳои нафту газ Маҳкамов Ф., омӯзгор Мирбобоев Ш. низ ширкат намуда, суханронӣ намуданд. 
Дар конфронси мазкур намояндагони соҳаи геология ва пажӯҳишгарону собиқадорон ширкат варзида, роҷеъ ба мушкилот ва камбуду муаммоҳои мавҷудаи геология, имкониятҳои рушд ва пешрафтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Шуъбаи иттилоот