Муколамаи онлайнӣ бо намояндагони ширкати “Ansys”

Дирӯз, дар дар утоқи кории муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо муколамаи онлайнӣ бо намояндагони  ширкати қазоқистонии “Ansys” баргузор гардид, ки ҳадаф беҳбуд бахшидан ба ҳамкориҳои минбаъда мебошад ва дар ин бора ба шуъбаи иттилоот Раҳимзода Ҳусноро иттилоъ дод.  Ansys як системаи универсалии нармафзор барои таҳлили унсурҳои ниҳоӣ мебошад, ки дар тӯли 30 соли охир мавҷуд ва инкишоф ёфта, дар байни мутахассисони соҳаи ҳисобҳои муҳандисии автоматӣ хеле маъмул мебошад. Ansys ҳамчунин тавассути эҷоди абзорҳои визуализатсия барои саноати чопи 3D тиҷорати умедбахшро пайгирӣ мекунад.

 Дар гуфтушуниди мазкур аз тарафи донишкада муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов А.А , мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳ.Р.,мутахассиси маркази зеҳни сунъӣ Қиличов  М., ширкат намуда, роҷеъ ба роҳандозии ҳамкориҳои истеҳсолӣ ибрози назар намуданд. Аз ҷониби ширкати Ansys бошад,  дар ин гуфтушунид Димова Галина Николаевна-муовини директор оид ба кор бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил  дар ҳамкории ҶДММ  «KazakhEngineering» иштирок намуд.

Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.т., профессор Умарҷонов А.А дар мулоқоти мазкур ҳамзамон  пешниҳодҳои худро ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва омодагии ҳамаҷонибаи донишкада баён намуд. Зимни муколама ҷонибҳо чанд дархосту пешниҳодҳоро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Димова Галина Николаевна-муовини директор оид ба кор бо кишварҳои ИДМ ҶДММ  «KazakhEngineering» ба раёсати донишкада миннатдории худро иброз дошта, орзуи ҳамкории беҳтарро намуд.