Баргузории эковикторина аз ҷониби кафедраи экология дар донишкада

Шурӯъ аз соли 2021 дар кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои Барномаи давлатии маҷмӯъи рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” семинару машваратҳо ва чорибаниҳои  гуногун гузаронида мешавад, мегӯяд мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер.

Кафедра тасмим гирифта буд, ки дар соли хониши 2022-2023 бозиҳо ва мусобиқаҳо, мизҳои мудаввар барои донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни донишкада вобаста ба масъалаҳои экологӣ ташкил намояд ва дар ин самт ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид. 

Имрӯз дар толори Шӯрои олимони донишкада  чорабинии сатҳи донишкадавӣ – викторинаи экологӣ дар самти соҳаи ҳифзи муҳити зист  баргузор гардид. Чорабинии навбатӣ низ таҳти роҳбарии ассистенти кафедраи экология Назарова М.Э. гузаронида шуд.

Викторина байни дастаҳои “ЭКОЛОГҲО” донишҷӯёни бахши 4 ихтисосҳои 330101-05 – ҳифзи муҳандисии муҳити зист, факултети металлургия ва “НАФТЧӢ” донишҷӯёни бахши 4 ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ, факултети корҳои кӯҳӣ баргузор гардид. Ҳамчун аъзоёни ҳакамон дар ин викторина, муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал, н.и.г-м., профессор Насриддинов З.З., д.и.т., профессор Розиқов З.А., декани факултети корҳои кӯҳӣ, н.и.т., дотсент Самадова Г.М. ва декани факултети металлургия, н.и.п., дотсент Шамсиддинов М.М. иштирок намуданд.

Саволҳои викторина мазкур вобаста ба муаммоҳои экологии глобалӣ, тағйирёбии иқлим, захираҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва ғайраро дар бар мегирифт.

Пас аз ба итмом расидани саволҳо, ҳангоми таҳлили натиҷаҳои холҳои гузошта шуда, ба дастаҳо ва ҳамаи донишҷӯёни иштирокдошта, саволу ҷавоби тестӣ бо истифода аз платформаи Kahoot.com бо таври онлайн гузаронида шуд.

Ҷамъбаст ва баҳогузории викторина ҷунин натиҷаҳоро дод: аъзоёни дастаи “ЭКОЛОГҲО” ихтисоси 330101-05 – ҷойи якум бо 136 балл, аъзоёни дастаи “НАФТЧӢ” ихтисоси 510202 – ҷойи дуюмро бо 117 балл, соҳиб гаштанд.

Аз тарафи аъзоёни ҳакамон ба дастаи ғолиб Ҷоми Эковикторина бо сипоснома ва ба дастаи дигар низ Сипоснома супорида шуд. Аз тарафи аъзоёни ҳакамон донишҷӯи фаъоли викторина интихоб гардид ва соҳиби китоб ва сипоснома гарид.