“Нақши насосҳои марказгурез дар соҳаи саноати кўҳӣ” чунин ном дод мавзӯи навбатии маҳфили “Эҷодкорони техникӣ”

          Аз рўии нақша ва чорабиниҳои навбатии худ, кафедраи фанҳои умумитехникӣ маҳфили “Эҷодкорони техникӣ”-ро дар синфхонаи 304 баргузор намуд.

Маҳфили мазкурро роҳбари маҳфил, омўзгори калон Маҳмудова С.С. оғоз намуда, баъдан сухан ба баромадкунанда донишҷўи бахши 3, ихтисоси 3601.01т, Раҳимзода Шердил дода шуд.

Донишҷў Раҳимзода Ш. оид ба «Нақши насосҳои марказгурез  дар соҳаи саноати кўҳӣ» маърўза намуд. Дар маърўза оид ба таснифоти насосҳои марказгурез маълумот оварда шуд. Насосҳои марказгурез вобаста аз намуди кашидани моеъҳо, фишор, додани миқдори моеъ, конструксияҳои махсус бо нишонаҳои зерин тақсим мешавад:

       –  бо шумораи чархҳои корӣ: якчарха ва бисёрчарха;

       – бо конструксияи чархҳои корӣ: бо пушидашуда ва кушодашудаи чархҳои корӣ;

      – ба вуҷудоварии фишорҳо: пастфшор (фишор то 20 м), миёнафишор (фишор аз 20 то 60 м), баландфишор (фишор зиёда аз 60 м);

      – тарзи наздик додани об ба чарх;  бо яктарафа ва дутарафа наздик додани об;

      – бо ҷойгиршавии навард: уфуқӣ ва амудӣ ;

      – аз конструксияи тана: амудӣ ва уфуқӣ ҷудо кардани тана;             

      – тарзи баровардани об аз чархи корӣ: морпеч ва халқамонанд, думурватӣ, морпеч ва аппарати равонкунанда;

      – тарзи пайвасткунии бо муҳаррик: ҳаракатдиҳанда бо шкиф ё, ки бо редукторҳо; пайвасткунии муҳаррикҳо бо ёрии муфтаҳо ва наварди умумии дошта бо муҳаррикҳои барқӣ (насосҳо- якблокдор).

      – бо намуди моеъҳои кашанда: обӣ, канализасионӣ; кислотагӣ, лойкакашандаҳо ва дигарҳо.

         Насосҳои марказгурези пушидашудаи чархи корӣ (каналчаҳои чарх барои гузаштани оби  доимӣ) барои кашидани оби тоза истифода бурда мешавад.

         Бо чархи кушодашуда (каналчаҳои тағйирёбанда) – барои кашидани моддаҳои обӣ ва омехтагиҳо вуҷуд дорад. Барои бардоштани об аз конҳои зеризаминӣ ва қубурҳои чоҳи, насосҳои махсус барои кашидани об ё, ки насоси якблока, барои истифода бурдан тавсия гардидааст.

         Дар охир фикру мулоҳизаҳои иштирокчиёни маҳфил ба назар гирифта шуда, пешниҳод карда шуд, ки дар оянда аз тарафи дигар донишҷўён низ чунин баромадҳо зиёд карда шавад.