Мулоқоти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо хатмкунандагони ноҳияи Спитамен

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти роҳбарияти муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони шаҳру навоҳӣ оғоз гардид ва тибқи ин ҷадвал санаи 22.02.2024с. ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо хатмкунандагони ноҳияи Спитамен мулоқот намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст дар бораи имкониятҳо, ихтисосҳои мавҷуда дар донишкада, хобгоҳҳо, ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ, равобити байналмилалӣ ва таъмин намудани хатмкунандагони донишкада бо ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои саноатӣ сухан ронда, аз хатмкунандагони макотиби миёна даъват ба амал овард, ки ихтисосҳои донишкадаро интихобот намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад ва тамоми хатмкунандагони ин муассиса бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.
Интихоби дуруст ин интихоби ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад!