Баргузории семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба Паёми Пешвои миллат дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика

Дирӯз дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони ” Паёми Пешвои миллат дастури раҳнамо ба ояндаи дурахшон” бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика дотсент Туев Шоҳин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба моҳият ва мақсади аслии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати он барои миллат сухан ронда, таъкид кард, ки омӯхтан ва мавриди амал қарор додани нуктаҳои муҳими Паём барои ҳар фарди огоҳ ва ватандӯст хеле муҳим аст.
Сипас, дар чорабинии имрӯза омӯзгори фаъоли кафедра дотсент Ашӯров Хайриддин дар мавзӯи “Маориф калиди пешрафти ҳама соҳаҳо”, омӯзгори ҳамин кафедра Норбобоева Гулмира дар мавзӯи “Ҳолатҳои ҷойгиршавии хатҳои рост дар ҳамворӣ” ва донишҷӯи бахши якум Ниёзов Н. дар мавзӯи “Раҳнамои мо Паёми Пешво” суханронӣ намуда, масъалаҳои муҳимро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ ва информатика баргузор гардид.