Дирӯз, дар толори Шурои олимони Донишкада мулоқоти муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳайати роҳбарикунанда ва фаъолони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани “Солҳои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” пешгирии падидаҳои номатлуб, баланд бардоштани савияи дониш, риояи фарҳанги либос ва дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намудани ҷавонон баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба корҳои анҷомшуда дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи семоҳаи аввал, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, омодагиҳои ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри мақолоту маводҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ маълумот ироа карда, муовини раиси вилояти Суғд муҳтарам Зуфар Муртазохонро хайрамақдам гуфт.
Сипас, муҳтарам Зуфар Муртазохон роҷеъ ба иҷроиши дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии насли ҷавон, бедор намудани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии насли донишҷӯён, вусъати ахлоқи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешрафти илму технология, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинару конфронсҳо, вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, дурӣ ҷустан аз амалҳои хурофотпарастӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолу осоиштагӣ, суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон муовини аввали ректор Давлатзода Давлат суханронӣ намуда, ба муовини раиси вилояти Суғд муҳтарам Зуфар Муртазохон ҷиҳати мулоқоти судманд изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Таъкид карда шуд, ки саҳми ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, масъулиятшиносиву меҳнатдӯстӣ бисёр баланд аст.
Дар фарҷом суҳбати озоду самимӣ бо ҳозирин сурат гирифт, ки ҳамагон ба муовини раиси вилояти Суғд изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот




