Мулоқоти намояндаи ширкати Тоҷикистону Туркия “Таҷпроф” бо донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак, ҷалби хамткунандагон ба коргоҳ, тавсеаи корҳои илмӣ-таҷрибавӣ намояндаи ширкати Тоҷикистону Туркия “Таҷпроф” Тухтаев Тухтабой ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда бо ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва донишҷӯёни бахши сеюм мулоқот намуданд.

Дар мулоқот профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, намояндаи ширкати Тоҷикистону Туркия “Таҷпроф”  Тухтаев Тухтабой, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Деҳқонов Дилшод суханронӣ намуданд. 

Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ аз чанд ҷиҳат муфид буда, донишҷӯён метавонанд аз ин ҳолат босамар истифода бибаранд.

Зимни  мулоқот намоядаи ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия “Таҷпроф” изҳор дошт, ки баҳри тавсеаи ҳамкориҳо, татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот, фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ, гузаронидани корҳои таҷрибаомӯзӣ омодааст, ки ба таври мудовим ҳамкориҳоро равнақ бахшад.

Ёдовар мешавем, ки  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 75 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дорад ва хатмкунандагони ин боргоҳи маърифат 100 фисад бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз беҳтарин муассисаҳои соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки хатмкунандагонро 100 фисад бо ҷойи корӣ таъмин менамояд. 

Шуъбаи иттилоот