ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ҶАНБАҲОИ ЭКОЛОГӢ -ИҚТИСОДИИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ” ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Санаи 18-уми соли 2026 конференсияи байналмилалии «Ҷанбаҳои экологӣ-иқтисодии рушди устувори сайёҳии байналмилалӣ дар шароити рақамикунонӣ» дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» дар МД “Донишкадаи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” баргузор гардид, ки дар он ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат намуда, дар мавзуи “Рушд ва тавсеаи зеҳни сунъӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон” маъруза намуданд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар, муаммоҳои омода намудани мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ, ҳамкориҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳри рушди зеҳни сунъӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур суханронӣ намуда, рушди зеҳни сунъиро дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Маърузаи профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар сатҳи баланд ироа гардида, аз ҷониби ҳозирин баҳои баланд дода шуд.
Таъкид намудан зарур аст, ки профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ яке аз олимони пешқадам ва муваффақ ва саҳмгузор дар рушди илми муосир мебошад.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи зеҳни сунъӣ факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис додааст.
Шуъбаи иттилоот