Муваффақияти варзишкорони ДКМТ

Имрӯз донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон тибқи нақша чорабинии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар мусобиқаи “Тирпаронӣ” , ки миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. 

Аз ҷумла, Файзиева Умеда дар байни духтарон сазовори ҷойи аввал, Бобоҷонов Фаррух бошад, сазовори ҷойи чорум гардид, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мукофонида шуданд.