ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: НЕСТ БОД ИФРОТГАРОӢ

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз кишвари азизу зебоямон хеле ободу зебо гардидааст ва ин як нишонаи пешрафту ободии даврони истиқлолият мебошад. Ва шукрона, ки имрӯз мардум дар фазои сулҳу салоҳ ва оромиву осоиштагӣ зиндагӣ мекунанд.

Вале бархе аз душманони миллат ва хоинон ин ҳама пешрафтҳои кишварро ба инобат нагирифта имрӯзҳо дар хориҷи кишвар бар алайҳи миллат мубориза мебаранд ва талош менамоянд, ки мақому манзалати кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд.

Ифротгароён ва террористони наҳзатӣ бо супориши хоҷагони хориҷияшон кӯшиш мекунанд, ки имрӯзҳо дар фазои маҷозӣ мафкураи ҷавононро тағйир диҳанд ва ҳар рӯз матлабҳои бардурӯғро нашр месозанд, ки ин як амали номатлуб мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ин хоинонро душмани миллати тоҷик меҳисобем.