Тақдими дипломи КОА ба олимони ҷавони ДКМТ

Ахиран муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДКМТ  Насриддинов З. З дар саҳифаи расмии худаш иттилоъ дод, ки дар Шӯрои олимони Донишкада ректор Фозилзода М.М ба як қатор олимони ҷавон дипломи номзадӣ тақдим намуд.

Ӯ аз ҷумла навишт: “соли 2019 дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон 9 нафар рисолаи номзади илмро ҳимоя карданд, ки 4 нафар номзади илми техникӣ, 2 нафар иқтисодӣ, 2 нафар педагогӣ ва 1 нафар филологӣ мебошанд.
Имрӯз дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз тарафи раёсат ба панҷ нафар муҳаққиқон дипломи номзади илм тақдим карда шуд. Ду нафар номзади илмҳои техникӣ, ду нафар иқтисодӣ ва як нафар педагогӣ.

 
Барои ҳар яки онҳо саломативу сарбаландӣ ва забардастӣ дар ҷодаи илмро орзу мекунем”.