Мизи мудаввар дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ

Дирӯз бахшида ба рӯзи иқтисодчиён дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ бо ташаббуси мудири кафедра Облоқулов Воҳидҷон мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ” баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати таълим Осими Оқил,  сардори БИСТ Юсупов Х., декани факултети иқтисодиёти саноатӣ  Саидов М. ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.

Нахуст сардори расати таълим Осими Оқил суханронӣ намуда, ҳозиринро ба рӯзи иқтисодчиён табрик намуданд ва сипас дар мавриди мавзӯи  баррасишаванда муколамарониҳо сурат гирифт, ки дар он омӯзгорон фаъолона ширкат варзиданд.

Шуъбаи иттилоот