Бозии дӯстона байни ҷавонон дар варзишгоҳи донишкада

Шоми дирӯз дар варзишгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонони донишкада бозии дӯстона ташкил карда шуд, мегӯяд сардори бахши кор бо ҷавонони донишкада Насриддинов Шаҳбоз.

Дар ин бозии дӯстона, ки байни  дастаи ҷавонони донишкада ва ҷавонони ӯзбакистонӣ баргузор гардид, дастаи ҷавонони донишкада бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бахшида ба таҷлили 15 солагии донишкада як силсила чорабиниҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар рӯзҳои баъдӣ  бар шумо иттилоъ хоҳем дод.