Маҳфили навбатии “Маркшейдерони ҷавон” баргузор гардид

Дирӯз дар аудиторияи 312К-и кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерии факултети корҳои кӯҳӣ тибқи нақшаи кории маҳфили илмии донишҷӯён “маркшейдерони ҷавон” таҳти мавзӯӣ “ тартиб додани майдони сарбаста дар корҳои геодезӣ ва маркшейдерӣ” бо иштироки муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов А.А., декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Г.М., мутахасиси раёсати илм Бобоева П., муовини декан оид ба илм Исоева А.Т, муовини декан оид ба тарбия Холбоев Р.Я., муовини декан оид ба илми факултети металлургия Усмонов Ш.Ҷ., мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Мутавалиев А.Т. ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

            Дар рафти маҳфил донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 510201 Наҷмиддинов М., дар мавзӯи “сохтани майдони сарбастаи теодолитӣ”, донишҷӯи бахши 3 ихтисоси 510201 Рустамзода М., дар мавзӯи сохтани майдони сарбаста дар барномаи Micromine”, донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 510201 Рабиев И., таҳти мавзӯӣ “қимати π-ро меёбем”  ва донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 510201 Шарифов А., дар мавзӯи “бо усули назариявӣ муайян кардани ҳосили ҷамъи кунҷҳои дохилии майдони сарбастаи теодолитӣ” баромад намуданд.

            Инчунин аъзоёни маҳфил ба ду даста тақсим кардашуда азимут ва меридиан номгузори гардид. Ба дастаҳо нақшаи майдони сарбаста дар формати А4, миқиёсашон 1:500, 1:1000 пешниҳод кардашуда аз онҳо талаб карда шуд, ки масофа, кунҷи дохили ва масоҳати майдони сарбаста муайян карда шавад. Ҳамчунин ба дастаҳо саволҳо дар доираи мавзӯи маҳфил пешниҳод гардид.

            Маҳфил дар сатҳи баланд бо ҳалли масъалаҳои пешниҳод гардида, баргузор гардид ва аъзоёни фаъоли маҳфил бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуд. Дар баргузории кори маҳфил ҳиссаи худро роҳбари маҳфил ва омӯзгорони кафедра ба таври назаррас гузоштанд.