Баргузории дарси кушоди омӯзгор Ҳоҷибоева Муҳайёхон

Санаи 4.05.2022с дар кафедраи менеҷменти факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ аз фанни “Муқаддимаи ихтисос” дар мавзӯи “Сабткунакҳо ва шаклҳои ҳисобгирии муҳосибӣ”  барои донишҷӯёни бахши якуми якуми ихтисоси 25010805 дарси кушоди омӯзгори фаъоли  ҳамин кафедра Ҳоҷибоева Муҳайёхон дар шакли машғулияти лексионӣ баргузор гардид. 

Дар дарси кушоди омӯзгори фаъол  Ҳоҷибоева Муҳайёхон сардори БИСТ Юсупов Хуршедҷон,  мудири кафедраи менеҷмент омӯзгори пешсаф, номзади илмҳои иқтисодӣ Собирова Шукринисо, муовини декани факултети иқтисодиёти саноатӣ  ва зеҳни сунъи Ҷӯраев Некрӯз, эдвайзери ҳамин факултет Исмоилов Наимҷон, сардори қисми маъмурию хоҷагидорӣ Розиқов Абдусамад ва дигар омӯзгорон ширкат намуданд.

Дар дарси кушод омӯзгори Ҳоҷибоева Муҳайёхон нахуст ба донишҷӯён моҳияти мавзӯъро фаҳмонида, сипас тарзи корбарӣ ва дуруст ба роҳ мондани кори муҳосибӣ,  пур намудани варақаҳои муҳосибиро  фаҳмонид. Дар рафти дарс донишҷӯён ба суолҳо аз дарс посухҳои амиқ дода, қаноатманд гардиданд.

Омӯзгорон ба ҳолати дарсгузарӣ, тарзи баёни мавзӯъ ва фаҳмонидани мавзӯъ аз ҷониби омӯзгор Ҳоҷибоева Муҳайёхонро баҳои баланд доданд ва  ба омӯзгор миннатдорӣ баён намуданд.

Шуъбаи иттилоот