МАҲРАМИ АСРОРИ ТТЭ ҲНИ КИСТ?

Ба қалами ҳамкорони худ аз нашрияи ” Нури маърифат” комилан шарик ҳастем, ки парда аз рӯи асрори маҳрами ТТЭ ҲНИ бардоштаанд. Онҳо дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд менависанд, ки “ Мо аз маводи Олег Алексеев “Покровитель ТЭО ПИВ – КСИР объявлен террористической организацией» фаҳмидем ва боварӣ ҳосил намудем, ки КСИР (Корпус стражей исламской революции) – Ситоди ҳимояи Инқилоби исломии Эрон низ ҳимоятгар, маблағгузор ва ҳомии ташкилоти экстремистии Ҳизби Наҳзати Ислом будааст. Ин ситод барои табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекардааст. Инҳо гапҳои ҳавоӣ набуда, дар асоси изҳороти Президенти ИМА Доналд Трамп ва Котиби давлатӣ оид ба бехатарии Амрико Жон Болтон рӯи коғаз омадаанд:

  1. Тарафи Эрон барои табаддулоти давлатӣ ба амал овардан 4-уми сентябри соли 2015 (яъне табаддулоти Ҳалим Назарзода) 1 млн. 200 ҳазор доллар ҷудо кардааст.
  2. Инчунин тарафи Эрон барои дар шаҳрҳои Теҳрон, Гургон, Қум, Караҷ тайёр намудани террористон шароит муҳайё карда, маблағгузорӣ менамудааст.
  3. Вазорати ахборотии Эрон ва ҳам КСИР сомонаҳои ахборотии “Паём”, “Озодандешон”, “Кимиёи саодат”, “Ахбор” ва дигарҳоро фаъол намуда, ба муқобили кишварҳои осоишта мавод паҳн мекунанд, ки вазъият дар он ҷойҳо ноором гардад. Онҳо бо ин мақсад низ 1 млн. 200 ҳазор долларро сарф кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки аксарияти аҳолии Эрон азоби қашшоқию гуруснагӣ доранд. Ин қадар маблағҳоро барои аҳолии эҳтиёҷманди худ сарф кунанд, мешуд. Танҳо давоми солҳои 2016-2018 ҳукумати Эрон барои ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ зиёда аз 3 млн. доллар ҷудо намудааст.

Ҳамаи ин нишондодҳо мо – мардуми ватандӯст ва сулҳпарварро огоҳ месозад, ки аз ҳақиқати ҳол бохабар бошем. Некро аз бад, дӯстро аз душман фарқ намоем ва ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Байти машҳури Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба хотир меояд:

Дӯстро аз дӯст, ҷонам, фарқ кун,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Бояд ҳаряки мо – шахсони соҳибмаълумот ва устувор оилаи худро, авлоди худро, хешу табори худро зери назорат гирем, то ин ки нафаре аз онҳо фирефтаи ақидаю назари ифротгароёна гардад.

 

Ва агар ҷояш ояд, маҷбур ҳастем, ки аз рӯи байти машҳури лисонулғайб Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ амал намоем, ки гуфтааст:

Дарахтӣ дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.”

Ба ибрози андешаи мазкур ҳамақида будани худро баён дошта аз номи Фонии Кашмирӣ хотима мебахнем:

Гар бими раҳоӣ набувад аз кафи сайёд,

Дил дар хами ҳар дом гирифтор тавон сохт.

 

Гуруҳи эҷодии рӯзномаи донишкадавии  “Маъданшинос”