МАКРИ ШАЙТОНӢ Ё ҲИЛЛАИ НАҲЗАТИИ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ

Имрӯзҳо кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистон хеле рушд намудаву  ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва мутараққӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудаву бо зиёда аз 120 кишвари дунё робитаи тиҷоратӣ барқарор намудааст, ки ин ҳам далел аз пешрафт ва рушди бемайлони соҳаҳои мухталиф дар кишвар мебошад. Пас аз пушти сарнамудани ҷанги хонумонсӯз ва ваҳим миллати тоҷик бо шарофати Роҳбари муаззами давлат ба саодат расид ва имрӯз дар фазои сулҳу салоҳ ва оромиву субот  ба сар мебаранд, ки аз чанд ҷиҳат хеле таҷрибаи нодир ва лаҳзаҳои фаромӯшношаванда мебошад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин имкониятҳо ҳастанд афроде, ки намехоҳанд миллат дар оромиву осудагӣ ва рифоҳ зиндагӣ кунад. Ва ин афрод аъзоёни ТТЭ ҲНИ, яъне наҳзатиёни манфур мебошанд, ки ҳоло бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранду чашми дидани пешрафти кишварамонро надоранд. Ин наҳзатиён ҳамон нафароне ҳастанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ташкил карданд ва садҳо ҳазор хонаводаро сарсону саргардон намуданд, зиёда аз 160 000 нафарро қурбон намуданд, ки ин бисёр ҳам ҷинояти вазнин ва нобахшиданист.

То ҳол доғи он рӯзҳо аз дили мардум нарафтааст, лек боз наҳзатиёни манфур инро гӯё фаромӯш сохта бошанд, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар истода бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд ва нияти гумроҳ кардани ҷомеаро доранд, ки аз фитрати пасти онҳо шаҳодат медиҳад.

Албатта, ҳамагон хуб медонанд, ки наҳзатиёни манфур ва палид ҳоло бо роҳҳои гуногун ва сармоягузории хоҷагони хориҷияшон талош мекунанд, то миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ бадном кунанду обрӯйи кишварро коҳиш диҳанд, зеро мақсади нопоки онҳо ҳамин аст.

Барои ҷиноятҳо ва хиёнатҳои худро пинҳон нигоҳ доштан наҳзатиёни чапаргӯш ва авбошу палид чандин созмонҳои ифротиро таъсис додаанд, то чеҳраи аслии худро пинҳон нигоҳ доранду мардумро бо макру ҳилла ва шайтонигариҳои худ гумроҳ намоянд. Яъне наҳзатиёни палид бештар зери ниқоб баромад намуда, чеҳраи асливу хоинонаи худро пинҳон медоранд, то зуд мардум дарк нанамоянд. Аммо миллат кайҳо боз аз воқеияти ин наҳзатиён огоҳ асту хуб медонад, ки ин палидони наҳзатӣ носипос ва кӯрнамаку палиданд.

Аз ин рӯ, аз ҳар як сокини кишвар тақозо менамоем, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, талош кунанд, то фирефтаи суханони ин палидони наҳзатӣ нагарданду мустақилияти худро ҳифз намоянд.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ