ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: НООГОҲӢ АЗ ИТТИЛООТИ САҲЕҲ САБАБГОРИ ҚАБУЛИ МАЪЛУМОТИ ИФРОТӢ МЕГАРДАД!

Имрӯзҳо ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҷаҳони мутамаддин ва боз он ҳам пешрафта бидуни фарогирӣ аз донишҳои зарурии сиёсӣ ва иттилоотӣ зистан номумкин аст ва тасаввур кардани ҳаёт ҳам бе ин гуна донишҳо мушкил гардидааст. Ҳоло замоне шудааст, ки инсони бе иттилоот монанд ба нафари нобинои беасост, хатари ҳар замон ба чоҳ афтоданаш дар пеш аст. Инсоне, ки аз маълумотҳои зарурӣ камтар огаҳӣ дорад, хатари зудтар гумроҳ шуданаш вуҷуд дорад. Зеро надоштани маълумоти зарурӣ ва камогоҳӣ сабабгори интихоби роҳи нодуруст мегардад.

Беҳуда нагуфтаанд, ки “кӯрро асову аспро рикоб” ва ин албатта бесабаб нест. Замони нав бо рушди фановариҳояш ва фароҳамсозии имкониятҳояш тақозо менамояд, ки ҷомеа бо маълумотҳо ва донишҳои замонавӣ фаро гирифта шуда бошанд, то тавонад ахбор ва маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғро мавриди ташхис қарор диҳад. Зеро ҳар як хабари нодуруст ва иттилооти бардурӯғ метавонад ба зиндагӣ ва мафкураи инсон таъсири манӣ расонад.

Ҳоло созмонҳлои ифротӣ ва паҳнкунандагони маълумоти дурӯғ ва носанҷида хеле зиёд аст, ки ҳар яки онҳо дар интернет сомонаҳои ифротии худро доранд ва аз он ҷо маълумотҳои носаҳеҳро ба нашр мерасонанд, ки ин бисёр ҳам хатаровар мебошад ва танҳо доштани маълумоти дуруст инсонро аз қабули маълумоти барғалат ва ифротӣ бозмедорад.

Мо, устодони кафедра паҳн намудани маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳро дар шабакаҳои интернетӣ маҳкум намуда, ба ҷомеа гуфтани ҳастем, ки донишҳои сиёсии худро тақвият диҳанд.