Магистрони курсҳои 2 аз аттестатсия гузаштанд

Омӯхтани дониш ва малакаи омӯзандагони зинаи магистратура дар донишгоҳу донишкадаҳо яке аз роҳҳои муайян намудани савияи дониш ва маҳорати омӯзандагони оянда мебошад. Ба хотири фаҳмидани маҳорат ва донишу истеъдоди масгистрон аз ҷониби шуъбаи магистратура ва аспирантураи донишкада аттестатсияи магистрон гузаронида шуд, мегӯяд Исозода Шероз мутахассиси шуъбаи мазкур.

Тибқи иттилои Исозода Ш.  аттестатсияи  магистрони курсҳои 2-и кафедра коркарди конҳои канданиҳои фоиданок дар шоҳидии мудири кафедра Осими Оқил гузаронида шуд, ки магистрони мазкур бо муваффақият аз аттестатсия гузаштанд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, ҳамаи магистрони донишкада аз рӯйи ҷадвал бояд аз аттестатсия гузаранд, ки ин ба манфиати кор мебошад ва аз ҷониби дигар натиҷаи кори дусоларо дар роҳи илм муайян менамояд.