Вохӯрии хатмкардаи донишкада Ҳамрабоев З. бо донишҷӯёни ихтисоси нафту газ

Бо мақсади беҳтар намудани алоқаи раванди таълим бо истеҳсолот ва техналогияиҳои муосири соҳа, санаи 22.02.2021с. омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шуҳратҷон Ҷурабоевич ва Сардори шуъбаи технологӣ “ИНКОМнефть” Федератсияи Руссия  Ҳамрабоев Зафарҷон бо донишҷўёни бахши 2-и  ихтисоси 510202  «Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ» аз фанни  «Физикаи қабатҳои нафту газ» ба амалӣ татбиқ намудани мавзӯъ ба донишҷӯён лексия хондаанд, ки дар ин бора аз кафедра омӯзгор Мирбобоев Ш. Ҷ.  ба шуъба хабар доданд.

Баҳри муаррифӣ намудани ояндаи ихтисоси «Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ» донишкада ва ҳамчунин маълумот додан ба донишҷуён аз имкониятҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии омӯзгори кафедраи мазкур Мирбобоев Ш.Ҷ. ва сардори шуъбаи технологӣ “ИНКОМнефть” Федератсияи Руссия  Ҳамрабоев З. А. ба синфхонаи таълими №205 иштирок намуда, бо донишҷуён мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки бо беҳтарин имкониятҳо мутахассисонро омода менамоянд.

Ҳамчунин, пас аз хатми донишҷӯён муассисаи мазкур мутахассисонро берун аз кишвар ба мисоли “ИНКОМнефть” Федератсияи Руссия ва дигар корхонаҳои саноатии нафту газ бо ҷойҳои корӣ таъмин менамояд.