Таҷлили рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети электромеханика

Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети электромеханика чорабинии идора баргузор намуд, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ  бо  муовинон Қозиев К.С., Насриддинов З.З. ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ нахуст сухан ба ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ   дода шуд, ки муҳтарам ректор ҳозиринро ба рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон ҷиҳати ташкили чунин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сипас, донишҷӯён ва омӯзгорон дар мавзӯҳои ватандӯстӣ, оини ватандорӣ ва қарзи ҷавонмардӣ маърӯзаҳо хонданд. Дар чорабинии имрӯза қисматҳои фарҳангӣ низ ба инобат гирифта шуда буд, ки дастаи ҳунарии омода намудани кафедраи математикаи олӣ ва информатика табъи ҳозиринро бо барномаи рангини фарҳанги болида сохт.

М. Сайидзода