КӮРДИЛОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД…

Ҳар насли имрӯз, ки соҳиби ақли солиму хиради расо аст,  зарур аст, ки  нисбат ба ин амалҳои номатлуб борикбинона изҳори ақида ва эҳсоси назар намояду бетарафиро зоҳир нанамояд. Зеро ин вабои аср ҷомеаи имрӯзро чун тори анкабут печидааст.

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,

Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад…

     Мисоли аз инҳо фаъолияти ҳизби мамнӯъгашта ТЭТ  ҲНИТ  мебошад. Бо баробари фаъолияти ғайриқонунӣ доштан, ки дар охир чун парда аз ниқоби аъзоён, риёсат, роҳбарони ҳизб бардошта шуд, таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизбу гурӯҳи, манфиатхоҳ танҳо бо истифодаи мафҳуми Исломи пок мехостанд нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд. Яке аз поягузорон, иштирокчиёни фаъоли ҷангӣ шаҳрвандӣ, ки ибтидои солҳои 90-уми садаи бистум ҷомеаи тоҷикони соҳибистиқлолро фаро гирифта буд, ин таъсис ва фаъолияти ғайри қонунии  ҲНИТ  буд. Ин ҳизби мамнӯъгардида, дар ибтибои солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъд аз имзошавии созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳизби сиёси аз нав ба қайд гирифта шуда буд. Таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизб танҳо манфиатхоҳи мақсади “ният”-ҳои нопоки худ буд. Риёсати ин ҳизб дар охир бо сарварии шахси ватанфурӯш Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯзҳо чун фирори ватани аҷнабиёнро макони зисти худ интихоб кардаасту ба қадри пораи нон, қатраи обҳои мусаффои Тоҷикистони биҳиштосо нарасида, ҳатто аз ҷойҳо ҳам ором наистода мехоҳад ба амну осоштагии мо монеа эҷод кунад. Албатта ҳамаи ин “ҷонибҳо”-и вай ин хизмат ба “хоҷагон”-и худ аст, ки “сарпарастон”- мехостанд бо пардохти маблағҳои ҳангхудаст  сулҳи моро халалдор намоянд. Ин буд, ки бо супоришу маблағгузориҳои ин гурӯҳи “манфиатхоҳон” аз ҷумла аз ҷониби Эрони Исломи чеҳраҳои шинохтаи илму маърифати мо дар соҳои ҷанги шаҳрванди кушта шуда буданд, ба мисли О. Латифи, Исҳоқӣ, М. Ғуломов ва даҳҳои дигар. Инҷо суоле ба миён меояд…  онҳо чӣ мехостан. Бигзор ба ин савол аъзоёни собиқ ҳизби  ҲНИТ ва роҳбари собиқи он чун М. Кабирӣ ба мардуми тоҷик ҷавобе гӯянд. Рӯи рост ба аҳли мардуми тоҷик тариқи садо ва симо, рӯ ба рӯ сӯҳбат намоянд. Афсӯс наметавонанд… Зеро амалхояшон ғайриқонунӣ буд ва онҳо чун гуреза берун аз ин марзу бум ҳастанд.

Махсусан, Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд кардаанд, ки имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам ҳолати вазнинтарини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқу манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ табдил додаанд.

         Чунин ҳолат низому тартиботи ҷаҳониро заиф, адли умумро ноустувор намуда, ба таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона мусоидат мекунад ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро торафт мураккаб мегардонад.

Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмоннишин бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.

Яъне бисери мутлақи қурбоншудашон чунин дахолату муноқишаҳо ҳамоно мусулмононанд.

        Саволе ба миён меояд, ки магар инсон дар рӯи замин барои эҷоди ҳамин мушкилоту харобкориҳо офарида шудааст? Албатта, чунин нест ва чунин набояд бошад. Зеро на табиат, ки инсон ҷузъи ҷудонашавандаи он аст ва на Офаридгор, ки барои инсон сабукӣ, оромӣ, саодат ва адлу инсофро мехоҳад, ҷонибдори ин ҳолат нестанд.

        Пас, ин ҳама амалҳо натиҷаи кирдори одамон мебошанд, яъне дар саргаҳи ин ҳама беназмиҳо бесаводӣ, сатҳи пасти маърифат ва ҳатто ҷаҳолати худи инсон қарор дорад. Тавре мегӯянд: – “Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост”.

Аз ин рӯ мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аҳли исломем, 99% аҳолии моро мусулмонон ташкил медиҳанд ҳамеша чун таблиғгари исломи ноб бошем. Зеро Ислом чун дини пок тараннумгари ростиву накӯкорӣ, инсондӯстиву муҳаббат, хайру садақа ва меҳанпарастӣ аст. Дини Ислом маҳкум менамояд қатлу куштор, бӯҳтону тӯҳмат, кинаву адолат, ғоратгариву тухми низоъро коштан.

Мо бояд шукронаи истиқлолият, якпорчагӣ, ваҳдат бошем ва ин ҷанги ноёбро чун неъмати ноёб ба насли ояндаи хеш боқӣ гузорем.

Исоева А.Т.

ассистенти кафедраи КККФ