Кор бо магистрон дар донишкада натиҷаи назаррас медиҳад.

Имрӯз, дар донишкада раванди таълим бисёр ҳам эҷодкорӣ ва роҳҳои навро аз омӯзгор талаб менамояд, то мақсади асосӣ ё худ дониши соҳавӣ ба донишҷӯ таҳмил шавад. Агар методҳои нав корбарӣ нашаванд, тибқи раванди кӯҳна на ҳамаи донишҷӯён илмро аз худ менамоянд, зеро ҳазми дониш ё маълумот ҳар хел мегардад.

Дар давраи таҷрибаомӯзӣ ҳамчун роҳбари таҷрибаомӯзони магистр шакли нави корро пеш гирифта, ба магистрон чӣ тавр гузаронидани дарсҳоро омӯзонидам ва ҳоло ҳар як магистр аз рӯйи соҳа озодона ба донишҷӯён аз рӯйи соҳаи худ дарс гузашта метавонад, ки ин як муваффақият аст.

Имрӯз, тибқи ҷадвал магистри бахши якум Саидов М. ба донишҷӯён дарс гузашта, моҳияти масъаларо фаҳмонид, ки донишҷӯён хуб мавзӯро фаҳмида, қабул намудаанд.  Дарси имрӯзаро Саидов М. ҳамчун муаллим гузашту тавонист, ки аз имтиҳон бомуваффақият гузарад ва аз ин мо натиҷа гирифтем, ки магистрони мо, метавонанд озодона ҳоло ба донишҷӯён дарс гузашта, мафҳум ва моҳияти мавзӯро бифаҳмонанд.

 Давраи таҷрибаомӯзӣ барои як магистр ҳоло дар факулта самаранок мегузарад ва аз ҷониби дигар мо талош мекунем, то дар заминаи базаи мавҷуда ҳама кӯмаки худро ба таҷрибаомӯзон расонем, то дар оняда мутахассисони хуб ба воя бирасанд.

Самадова Гулӣ

дотсент, декани факултети корҳои кӯҳӣ