НЕСТ БОД МАНФИАТҲОИ НОПОКИ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ

Асри ХХ1 асри техникиву технология меноманд, хусусан шабакаи Интернет далели ин гуфтаҳо мебошад. Хуб аст, ки ҳамагон муаммои худро бе сарфа кардани вақти зиёдатӣ тариқи интернет ба сомон мерасонад. Аммо ифротгароён, ки мақсади нопок доранд, аз ин имкониятҳо истифода намуда, ба паҳн кардани ҳар гуна хабарҳои бардурӯғу иғвобарангез ва бесаводонаи худ мехоҳанд, фикру ақидаи аҳли ҷомеаро дигар созанд. Хусусан аъзои ТТЭ ҲНИ аз фурсат истифода карда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз кишварҳои Аврупо истода, бо ҳар гуна наворҳои иғвоангезонаи худ мехоҳанд кишвари азизи моро ноором намоянд.

      Наҳзатиҳо бо ҳар ҳилаю найранги ба гурӯҳҳои бадхоҳӣ ба ном “Давлати исломӣ” кӯдакону ҷавононро аз бетаҷрибагӣ ба фанатизми исломӣ фирефта намуда, онҳоро ба гирдоби ҷанги бемаънию кӯштори бераҳмонаи одамони бегуноҳ мекашанд. Бо сабабҳои то ҳанӯз ҷой доштани хурофотпарастӣ ва дунёбезорӣ дар гӯшаю канорҳои Ватани маҳбуби мо низ душманони дохилӣ ва ҳам гузаштаҳои хориҷӣ кӯдакону ҷавононро ба гурӯҳҳои террористӣ шомил гардонида, аз пайи манфиатҷӯйҳои хеш ба ҳар дару девор мисли каждум неш мезананд.

     Ба ҳеқ кас пинҳон нест, ки падидаҳои номатлуби тарғиби андешаҳои иғвогаронаю худнамоиҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ шайху авлиётарошиҳо, фолбинҳо ва дигар таблиғоти беасоси реаксионии зидди олимону рӯшанфикрон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои маорифпарварӣ фарҳангию тиббӣ равона кардашуда, таблиғоти бардурӯғу бофтаҳои воҳимаангези дунёбезорӣ, пессимистӣ (рӯҳафтодагӣ, куҳнапарастӣ) нисбат ба ҳодисаҳои табиӣ, илму техника ва коинот ба идомаи таҳсили хонандагони муассисаҳои таълимӣ, бахусус, толибагон таъсири манфӣ мерасонанд.

Душманони давлату миллат аз сулҳу субот ва ободии кишварамон аз бахили ҷойи нишаст наёфта, кӯшиш карда истодаанд, ки бо ҳар роҳ осоиштагии мардумро тариқи сомонаҳои интернет бо суханҳою амалҳои бардуруғ халалдор намоянд.

Вақте ваҳшонияти аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломро дар навор тамошо мекунем, нафрати мо ба хоинони миллат зиёд мегардад.

Мо, бояд насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани ҳар ваҷаб хоки ватан ва ҳамеша омода будан дар ҳифзи амнияти он тарбия намоем.                        

 Туев Ш.

омӯзгори ДКМТ