Вохӯрӣ бо хатмкунандагони ноҳияи Айнӣ

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида, як қатор омӯзгорон ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуданд, то аз наздик донишҷӯёнро бо ихтисосҳо ва имкониятҳои донишкада огоҳ намоянд.

Омӯзгори кафедраи металлургия Раҳимов Ҳаётқул низ ба ноҳияи Айнӣ рафта, ба зиёда аз 10 мактаб ташриф бурдаву бо хатмкунандагони ин макотиб вохӯриву мулоқотҳо доир намуд.

Раҳимов Ҳ. дар ин сафар хатмкунандагони мактаби миёнаро бо  имкониятҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ошно намуда, ба онҳо як силсила  варақаҳои иттилоотиро тақсим намуд.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи олии соҳавӣ мебошад, ки дар самти кӯҳию металлургӣ мутахассисонро омода менамояд.

М. Сайидзода