КОРОНАВИРУС ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИК

Ҳоло беморие, тамоми аҳли оламро фаро гирифтааст, ки бо номи КОВИД-2019 ё коронавирус маъруф аст ва зуҳури ин вабо бисёриҳоро дар тарсу ҳарос ва ҳолати номуайянӣ равонӣ қарор додааст. Лек аз ин чиз набояд тарсид ва ба таҳлука афтод. Инсоният бо ин беморӣ бори аввал вонамехӯрад ва ҳатман дер ё зуд роҳҳои шифои он пайдо хоҳад шуд.

А Ва чандин намуди ин маризӣ будааст, то ин дам роҳҳои дармони он пайдо шудааст. Аммо ин шабу рӯз вазъият бисёр ҳам мушкил аст, зеро ҳамон гуна, ки ҳадм мезадем коронавирус ба кишвари мо ҳам расид ва по ба остони сокинон ниҳодааст, ки ҳоло ҳамаи аҳолии кишвар дар мубориза бо ин вабо мебошад. Аммо чизи дигаре, ки ин ҷо моро нигарон кардааст ва дар мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС”  муаллифон талош кардаанд, то як бахши азиме аз душманони миллатро, ки аз ҳолат истифода намуда, барои худ манфита меҷӯянд ошкор созанд.

“Масъала сари тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус  меравад. Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наме-тавонист кишвари моро сарфи назар кунад. Акнун ин бадбахтӣ дари хонаи тоҷикро ҳам, тавре ки интизорӣ мерафт, куфт.” 

Овардаанд муаллифон дар мавриди он ки чӣ тавр ин вабо ба дари хонаи мо омад ва ҳатто ҳамон лаҳзаи муборизаи душманони миллатро, ки рӯ ба ҷамъ кардани маблағ аз ҳисоби хиёнат бар миллат овардаанд ва дар хориҷ аз кишвар барои худ маконе пайдо кардаанд.

Дар шинохти ин гурӯҳи хоинон дар мақола муаллифон бар ин ишора намудаанд: “аъзои ин гурӯҳак, зоҳиран  одаманд, аммо амалан касоне ҳастанд, ки корбурди вожаи «одам» нисбаташон ҳайф аст. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ шахсият нестанд. Инҳо идомаи ашхоси тарбиянадидаи ватангадои таърихии хешанд. Ин касали онҳо авлодӣ аст.

  Афсус, бойгоние нест.  Бухорои шариф ба ин мартаба нарасид. Агар тасаввур ҳам кунем, ки чунин бойгоние ҳаст, дафтари аъмоли ҳафт пушти ақаллан ҳамин гурӯҳи шашгонаро бояд меомухтем. Дақиқан авлодони онон (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) хеле ашхоси чоплус, дуруя, хоин, дуруғгу, туҳматчӣ, нохалаф ва қатъан мазҳабфурушу номусулмон будаанд. «Бачаи хар яқин, ки хар бошад»”

Воқеан ҳам аз ҳаромзода ҳаромӣ ва аз дузд авбош ба воя мерасад мегӯянд, ки сад дар сад дуруст аст ва кӣ ҳам медонад, ки ин душманон бо кадом нон ва кадом роҳ тарбия ёфтаву ба воя расонида шудаанд?!

Пас ин тоифа ҳамон душманони миллат ҳастанд, ки ҳоло миллати сарбаланди тоҷикро мехоҳанд, бо гумроҳӣ аз роҳ бизананд, то дар мубориза бо ин пандемия мағлуб шавад. Аммо ин хоинон набояд фаромӯш созанд, ки бо ин корҳояшон ҳаргиз ғурури тоҷикро, иродаи тоҷикро иваз карда наметавонанд ва беҳуда зӯрзанӣ менамоянду халос.

Зеро шахсияти ин  авбошон хеле хандаовар  аст, бубинед дар мақола чӣ гуна ёд шудаанд” шахсияти одии ҳамагӣ чанде аз ҳамин гурӯҳро бубинем. Кабирӣ – ҳанноти беморхонаи сироятии ҷумҳуриявист, ки ин муассисаро бо 10 га замини атрофаш фурухт. Пиромуни ин ҳаннотии ӯ даҳҳо бор дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксу ҳуҷҷатҳои марбута мақолаҳо ба нашр расидаанд. Гузашта аз ин, Кабирӣ фосиқи  эътирофгардида аст. Қиссаҳои шаҳватрониҳои  ӯ бо расвотарин хонумҳое, ки ному насабу аксҳояшон дар интернет бо худиқрории худи Кабириву он фоҳишаҳо маълуму машҳур аст, ба мардум расидааст. Истаравшанӣ (Саид Юнус) бошад дуздзодаест, ки додар ва занаш бо ҷурми даст доштан дар хариду фуруши маводи мухаддир дар хориҷи мамлакат ба маҳкама кашида шудаанд. Аз як эътирофи худи Истаравшанӣ, ки гуфта буд: «Бобои ман босмачӣ буд!», чи гуна одам будани ин ҷонвар дақиқан муайян мешавад. Ақаллан ба ёд биёред далелҳои таърихие, ки дар китобҳои бузургвори миллати тоҷик Устод Садриддин Айнӣ дар бораи босмачиҳо омадааст. Баъд онро ба ақидаву биниши ин пасмондаи босмачиҳо муқоиса кунед.  

На Кабирӣ дар ҷанозаи модараш (замоне, ки вакили интихобкардаи исломиҳо буд), ширкат кардааст, на Муҳаммадиқболи Садриддин дар мурдаи падараш (падар дар Полша ҷон дод, писар дар Фаронса, ки он мулк на раводид мехоҳад на иҷозат. Билети Маскав-Душанбе барои Кабирӣ як саду панҷоҳ доллар меистод, нархи  поезди Париж-Берлин барои Муҳаммадиқбол ҳаштоду панҷ евро).”

Яъне ин ҷо касеро намешавад бо ҳолномаи дурусту саҳеҳ ва дур аз ҷинояту авбошизм пайдо кард. Пас ин наҳзатиён кӣ ҳастанд? Душман!!! Ва боз ҳам душман!

Аммо тоҷик дар ин набард ҷони худро ба каф гирифта мубориза мебарад ва ҳатман пирӯз ҳохад шуд ва ҳатман нолаи наҳзатиёни иғвогар ва душманони бадкешро ҳам хоҳад дид.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ