Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон китобхонаи электронӣ бо 100 ҳазор адабиёт ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр бахшида ба Рӯзи геологияи тоҷик дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон китобхонаи электронӣ бо 100 ҳазор адабиёт ба истифода дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур.

Дар толори барҳавои китобхонаи электронии донишкада беш аз 60 компютери насли нав насб гардида, бо хатти интернет пайваст мебошанд. Фонди китобхонаи электронӣ пайваста зиёд гардида, дар соли таҳсили 2022-2023 бар асоси ҳамкории судманд бо китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутии шаҳри Душанбе ба фонди китобхона қариб 20 ҳазор номгӯй китобҳои гуногуни электронӣ ворид карда шуданд. Ҳаҷми умумии китобҳои электронӣ дар хазина қариб ба 100 ҳазор баробар гардид. Дар назар аст, ки чунин табодули китоб бо дигар муассисаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сурат бигирад.

Зимни ифтитоҳи ин толор Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки «тавассути китоб мо метавонем донишҳои худро мукаммал намуда, ба дарки арзишҳои олӣ, пос доштани хотироти ниёгони худ, таърихи давлатдорӣ ва худшиносиву худогоҳӣ бирасем.  Ҷойи шубҳа нест, ки бо тағйири асри нав ва фароҳам гардидани имконияти технологияи навин насли замони мо низ ба он одат намудааст ва рӯз аз рӯз талаботаш ҳам вобаста ба шароити муосир тағйир меёбад. Ҳамин аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ин ҳамаро ба инобат гирифта, китобхонаи электронии донишкадаро таъсис дод, то битавонем донишҷӯёни худро ба китобу китобхонӣ ва азбаркунии илмҳо ҷалб намоем».

Бояд гуфт, ки китобхонаи электронии Донишкадаи кӯҳию металлургӣ барномае омода кардааст, ки имкон медиҳад, то донишҷӯён дар дилхоҳ ҷой бо истифода аз рамзи ягонаи худ вориди китобхонаи электронӣ гардида, адабиёти заруриро зеркашӣ намоянд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон