Донишҷӯён ғолиби озмуни “Зиндагӣ бидуни хушунат зебост”

Дар доираи чорабиниҳои “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат дар оила” аз ҷониби Шуъбаи занон ва кор бо оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон озмун миёни эҷодкорон ва донишҷӯён дар мавзӯи “Зиндагӣ бидуни хушунат зебост” эълон гардида буд, ки дар маъракаи ҷамъбастии ин чорабинӣ ғолибони озмун эълон карда шуд, ки дар он 3 нафар донишҷӯёни донишкада ғолиб омаданд ва дар ин бора ба шуъбаи иттилоот муовини декани факултети металлургия бонуи фаъол Расулова Мунзифахон ба шуъба  иттилоъ дод.

Донишҷӯён дар мавзӯи “Зиндагӣ бидуни хушунат зебост” иншои пурмазмун навишта, бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ғолибони озмун донишҷӯёни донишкада соҳиби ҷойи аввал Раҳимзода Кӯҳзод, ҷойи дуюм Нуриллозода Ҷумъабой ва соҳиби ҷойи сеюм Ҳусейнов Ҷасур гардиданд, ки ин ҳам муваффақият аст.