Китобхонаи электронии донишкада корашро боз ҳам беҳтар менамояд

Бо тағйироти асри нав ва фароҳам гардидани имкониятҳои технологияи навин насли замони мо, низ бо он одат намудааст ва  рӯз аз рӯз талаботҳояш ҳам вобаста ба шароити муосир тағйир меёбад. Ҳамин аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ин ҳамаро ба инобат гирифта, китобхонаи электронии донишкадаро таъсис дода буд, ки бо чанд китобҳои мавҷуда дар хидмати донишҷӯён қарор дошт. Вале бо омадани мутахассиси ҷавон ва ояндадор, ҷавони пурталошу  сермаҳсул, боғайрату меҳнатдӯст Неъматҷон Салимзода имсол кори китобхонаи электронии донишкада аллакай тағйир ёфт ва ба маънои дигар самти фаъолияташ беҳтару хубтар гардид.

Дар моҳҳои аввали фаъолияти худ ин ҷавони меҳандӯст ва кордида ба китобхонаи донишкада 10000 адабиёти электронӣ ворид намуд, ки қарор аст ин адад рӯзҳои наздик боз ҳам афзунтар гардад. Ҳоло Неъматҷон Салимзода бинои китобхонаи электрониро дар шакли нав ва фарогирии компютерҳои бештар манзури донишҷӯён гардонидааст, ки толибилмон метавонанд ҳамарӯза аз он истифода намоянд. Ба қавли Неъматҷон Салимзода бо фароҳам гардидани таҷҳизотҳои зарурӣ адабиётҳои соҳавӣ ва дигар китобҳои тахассусии дар китобхонаи донишкада мавҷудбуда, ба гунаи электронӣ манзурӣ донишҷӯён ва истифодабарандагони тамоми ҷумҳурӣ гардонида мешавад. Воқеан ҳам кунун талаботи замон аст, ки китобҳо дар гунаи электронӣ низ манзури хонандагон гардонида шавад ва  ин тасмими Неъматҷон Салимзода масъули китобхонаи илмӣ-электронии донишкада саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Раёсати донишкада аз ин ҷавони умедбахш ва меҳнатдӯст умеди калон дошта, ба ӯ дар ин самти фаъолият барору муваффақият таманно менамояд.

Ёдовар мешавем, ки китобхонаи илмӣ-электронии донишкада дорои зиёда аз 170000 номгӯй адабиёти соҳавӣ буда, беҳтарин пажӯҳишҳои илмӣ низ дар он ҳифз карда шудааст.

Шуъбаи иттилоот