Баррасии масоили муҳими соҳа аз ҷониби масъулини сохтори илм ва инноватсия

Имрӯз, пас аз ҷаласаи назоратии назди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, ки дар он ба сохторҳои марбута, як қатор вазифагузориҳо сурат гирифт дар тамоми сохторҳо ҷаласаҳо дар назди муовинони ректор баргузор гардид. Дар ҷаласаи назди муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо масоили марбут ба гузаронидани конфронсу симпозиумҳо,  семинар машваратҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ, густариш додани равобити хориҷӣ, ҷалби довталабон ба шуъбаи магистратураи донишкада, пурра омода намудани китобхонаи илмӣ-элнктронӣ баррасӣ карда шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот аз бахши робитаҳои байналмилалии донишкада иттилоъ доданд.