КАРАНТИН ПЕШ АЗ ҲАМА БА ЗИНДАГИИ МАРДУМ ТАЪСИРИ МАНФӢ МЕРАСОНД

Воқеияти рӯзгор ин аст, ки бо сабаби пайдо шудани КОВИД-19 ва миёни ҷомеа паҳн гардиданаш, баъзе соҳаҳо ба ҳолати бӯҳронӣ мувоҷеҳ шуданд. Минҷумла, чандин марказҳои хизматрасонӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ. Ҳарчанд карантини сартосарӣ ҷорӣ нашуд, аммо қисмате аз муассисаҳо ва ширкатҳои хизматрасон кори худро дар ин давра қатъ намуданд, ки ин зарари “бӯҳрони КОВИД-19” номида мешавад.

Аз бузургон ба мерос расидааст, ки ҳар мард дар оила баҳри пур намудани сабади истеъмолии оила муваззаф аст ва дар ин ҷода масъулияти бузурге бар дӯш дорад. Кадом ҳолате ҳам набошад, сардори оиларо зарур меояд, то дар пайи таъмини рӯзғор бошад ва камбудҳоро таъмин созаду ҳолати иҷтимоиро ба таври лозим беҳтар гардонад. Новобаста аз кадом ҳолате набошад, кадом унсуре ҳам хахалгор набошад, шахси таъминкунандаи асбоби рӯзғорро зарур меояд, то сифати зиндагиро беҳ созад ва дар пайи таъмини оила саъю кӯшиш намояд. Саривақт таъмин нагардидани аҳли оила бо ҷиҳози зарурӣ, минҷумла маводи озуқа сатҳи зиндагиро паст менамояд ва сабаби шикастҳои равонӣ дар хона мегардад, ки ин вазъ ба раванди шаклгирии ҷомеаи солим ва рушди иҷтимоӣ хатарзо мебошад. Пас ҳар фардро  зарур меояд, то дар ҳар даврае, ки набошад, аз пайи таъмини хонавода бошад ва ризқу рӯзии аъзои оиларо таъмин гардонад, имороти оиларо тармим созаду таҳкурсии наслҳои ояндаро мустаҳкам гардонад. Ҳар як омил ва ҳар як раванди дар ҷомеа суратпазируфта, ба афкор ва андешаи наслҳо махсусан насли ҷавон таъсири хешро мегузорад ва перомуни  ҳамин масъала  Соиб чунин ишора намудааст:

Чун гузорад хишти аввал бар замин меъмор каҷ,

Гар расонад бар фалак, бошад ҳамон девор каҷ.

Ҷаҳонро коронавирус фаро гирифт ва ба назар чунин менамуд, ки ин вабо ҷонгир аст ва касеро аз он роҳи халосӣ нест. Ҷомеаро тарс фаро гирифт ва он қадар мардум ба ин чиз дода шуданд, ки тамоми расонаҳо аз коронавирус ва ҳолати маргу мир дар ҷаҳон мегуфт. Бисёриҳо ба карантини ғайримеъёр гузаштанд ва аксарият ҳатто коравирус ё пандемияи КОВИД-19-ро он қадар хуб надониста, ҳама корро партофтанду дар хонаҳо пинҳон шуданд.  Лек он гунае, ки гуфта мешуд, коронавирус ба он ҳад ҷонгир ва табобатношаванда ҳам набудааст. Тибқи маълумоти мушовири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табиби эрониасли амрикоӣ Ораш Алоӣ “… 85 фоизи шахсони гирифтор ба COVID-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд, ё тамоман аломат надоранд ё нишонаҳои хеле сабук доранд. 15 фоизи баъдӣ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. 10 фоизи онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва 5 фоизи дигар бояд ба беморхона раванд.”

Пас ин ҷо зарурати воҳима дар чист?

Дуруст аст, ки дар мадди аввал ин маризӣ ҳамагонро шигифтзада кард ва аксарияти кишварҳои абарқудрат шаҳрвандонашонро ба карантини сартосарӣ фаро хонданд, вале пас аз як ё ду моҳ ба хулоса расиданд, ки карантини ҳамагонӣ ва ё сартосарӣ бар зарари ҷомеа мебошад ва оҳиста-оҳиста ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштанд. Зеро бе гардиш хӯрдани чархаи иқтисодӣ, бе истеҳсолот иқтисодиёти ягон кишвар қодир нест, ба бӯҳрон мувоҷеҳ нашавад.  Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки вазъ дар давлатҳои абарқудрат низ коҳиш ёфт ва тибқи пешгӯйӣ коршиносони масоили иқтисодӣ карантинӣ сартосарӣ бар зарари кор аст ва дер ё зуд чархаи иқтисодиро аз гардиш бозмедорад, ки ин ҳолат бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад.

Тасаввур кунед, агар деҳқон дар заминаш дона напошад, сабзиҷоти тару тозаро ба бозор наоварад, корхонаҳои истеҳсолӣ маводи заруририи ниёзи ҷомеаро истеҳсол накунанд, коргарон дар хонаҳо бихуспанд, он гоҳ ҷомеа ба ҳолате рӯба рӯ мешавад, ки онро пешгӯйӣ кардан ҳам душвор аст.

Тибқи маълумоти директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Шариф Раҳимзода “агар мо ду моҳ ҳамаи соҳаҳоро мебастем ва намегузоштем, ки мардум кор кунанд, тақрибан 16 млрд. сомонӣ ба иқтисодиёти давлат зарар мерасид”. Яъне хоҳем нахоҳем табақаи ниёзманд, ки аз буҷети давлат нафақа мегиранду таъмини рӯзгор намуд, дар ин давра ба мушкил дучор мешуд.

Оё онҳое, ки тарафдори карантини сартосарӣ ҳастанд, як маротиба андеша намекунанд, ки агар захираҳо тамом шавад, сабади истеъмолӣ холӣ монад, ҷомеа аз куҷо онро пур менамояд, агар ҳама дар хона бихобад?

Маблағи ниёзманд, ятимхонаҳо, афроди муҳтоҷ ба кӯмак ва ҳамчунин табақаи ниёзманд аз лиҳози иҷтимоӣ дар ин давра умед ба кӣ бандад?

Мусаллам аст, ки душманони миллат, бадхоҳони бадкеш имрӯзҳо мардумро ба таҳлука афтонида, мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд, ҷомеаро гумроҳ намоянд ва маҳз ҳамонҳо имрӯз воҳима мекунанд, талош мекунанд, ки дар дили халқ тарс афкананд, сатҳи зиндагии ҷомеаро ба ҳамин восита паст намоянд.

Имрӯз давлатҳои абарқудрат монанди Амрико, Русия, Британияи Кабир ва ғайра бо риояи талаботи Вазорати тандурустӣ ва лавозимоти муҳофизатӣ бар кормандон корро дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба роҳ монданд, то аз хатари “бӯҳрони КОВИД-19” эмин монанд. Дар ягон ҷойи дунё то кунун ба таври дарозмуддат ва бастани кулли корхонаҳои истеҳсолӣ карантин эълон нашудааст, зеро ин чиз зарар дорад, пеш аз ҳама ба хоҷагии халқ, ба зиндагии мардум!

Шарт нест ба карантинӣ сартосарӣ, фақат зарур аст, тавсияҳои табибонро риоя намоед, фосиларо нигоҳ доред ва кори ҳаррӯзаро дар доираи талабот ба анҷом расонед. Муҳимтар аз ҳама кӯшиш намоед, ки ҳадди аққал дар ин давраи мушкил барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллат мушкилзо набошед.

Онҳое, ки имрӯз менависанд, ки карантин ҳатмист, онҳо як маротиба фирк намекунанд, ки анқариб 10 фисади аҳолии шаҳр зисту зиндагонияшро аз ҳисоби кори рӯзмаррааш мегузаронад ва онҳо дар ин давра чӣ кор мекунанд?

Хонаводаи онҳоро кӣ мехӯронаду мепӯшонад?

Некварз Маҳмудзода

омӯзгори ДКМТ