ЧУН ШАВАД ДУШМАН МУЛОИМ, ЭҲТИЁТ АЗ КАФ МАДЕҲ

Хиёнаткорӣ ё ин ки хоини амалест нобахшиданӣ ва бадтарин, ки аз дарозои таърих то ба ҳол ҳамчун падидаи номатлуб ва рафтори ношоистаи ҷамъиятӣ шинохта мешавад, ки дар ҳақиқат агар соддатар карда гӯем як рафтори ношоиставу ғайриинсонии паст мебошад.

Ҳоло дигар барои иддае аз наҳзатиёни палид чунин рафтор як амали ғайриоддӣ ва манбаи пулёбӣ гардидааст. Яъне хиёнаткорӣ барои аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар чапаргӯшони муқими Аврупо, ки зери чатри ТТЭ ҲНИ меболанд, пешаи сердаромад ва тиҷорати махсус шудааст. Ин авбошони наҳзативу наҳзатпарвар бар Ватану миллати худ имрӯз хиёнат намуда, талош мекунанд, ки бар ивазаш аз хоҷагони хориҷияшон маблағ бигиранд. Аммо ин ки инсон чӣ тавр даст ба хиёнат мезанад ва он ҳам хиёнати вазнин бевосита аз муҳити хонаводагиву тарбияи нодурусташ сарчашма мегирад. Лек инро ҳам набояд фаромӯш сохт, ки имрӯз ҳамин аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва душманони аслии миллат, бештар даст ба ҳиллаву найранг зада кӯшиш мекунанд, то ҷомеаро махсусан насли ҷавонро фиреб диҳанд. Ҳамин аст, ки шоири бузург дар шинохт ва тарзи корбурди ин палидони наҳзатӣ  мегӯяд:

Чун шавад душман мулоим, эҳтиёт аз каф мадеҳ,

Макрҳо дар парда бошад оби зери коҳро.

Воқеан ҳам имрӯз душманони миллати тоҷик дар рӯ ниқоб кашида, даст ба хиёнаткориву разилӣ мезананд ва ин шеваи корашонро бо суханбозиву макрҳо пинҳон карданӣ мешаванд. Аммо бояд инро ҳам иқрор шавем, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ аслан террористони манфуре ҳастанд, ки дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил карданду онро кишварро ба майдони хоку хун табдил доданд.

Ҳоло ҳам ин наҳзатиёни пастфитрат  бо дасисабозиву иғвобарангезӣ ва нашри маводҳои бардурӯғу ифротӣ кӯшиш менамоянд, то насли ҷавонро ба гумроҳӣ баранд, вале бехабар аз онанд, ки имрӯз чеҳраи аслии наҳзатиён ошкор шудааст. Яъне ниқоб ба замин афтодааст.

Акнун ҳамагон хуб медонанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз ҷониби кӣ маблағгузорӣ мешаванду бо кадом пулу мол он ҷо хилват оростаанд?!

М.Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ