Иштироки омӯзгор ва донишҷӯёни донишкада дар Рӯзи Сирдарё

Об як ҷузъи муҳими муҳити зист, захираи табиии барқароршаванда, маҳдуд ва осебпазир ба шумор рафта, дар баробари ин беҳдошти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии аҳолӣ, мавҷудияти ҳайвонот ва растаниҳоро дар олам таъмин менамояд. Имрӯзҳо амнияти озуқаворӣ, амнияти экологӣ ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёти кишвар беш аз пеш ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи об вобастагӣ дорад.
Боиси қайд аст, ки кафедраи экологияи донишкада мунтазам бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии соҳаи экология ҳамкорӣ намуда истодааст. Ҳамкориҳо дар доираи нақша- чорабиниҳои Барномаи давлатии маҷмӯъи рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва оид ба амалигардонии Даҳсолаи байналмилаллӣ амал “Об барои рушди устувор” ба роҳ монда шудааст.

Тибқи мактуби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба раёсати донишкада (таҳти №2328/1317 аз санаи 13.10.2023) ва тибқи бандҳои нақша -чорабиниҳои Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади нишон додани муҳимияти захираҳои об санаи 21-уми октябр дар “Боғи фарҳангӣ -фароғатии Наврӯзгоҳ” – и шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Рӯзи дарёи Сир” аксияи васеи экологии “Тозагии соҳил” баргузор гардид. Дар чорабинӣ 15 нафар донишҷӯёни ихтисосҳои самти экология ва ҳифзи муҳити зисти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва як нафар омӯзгори кафедраи экология Ҳоҷибоев Д.Д. фаъолона иштирок варзиданд.

Дар аксияи экологӣ ҳамчунин, 80 нафар донишҷӯён ва кормандони соҳаҳои гуногун ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доштанд. Соли сеюм аст, ки кафедраи экология дар ин аксияи экологӣ иштирок менамояд.
Баъди корҳои тозакунии соҳил барои донишҷӯёни се донишкада аз тарафи ташкилотҳои Бонки “Арванд” ва мактаби барномасози IT-run викторина ташкил карда шуд. Саволҳо вобаста ба заҳираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷиикстон ва Осиёи Марказиро дар бар мегирифт.
Донишҷӯёни ДКМТ ба саволҳои викторина ҷавоб дода, соҳиби тӯҳфаҳои пурарзиш гардиданд. Донишҷӯи ихтисоси Ҳифзи муҳандисии муҳити зист Фарҳоди Ангубин ба 4 саволҳои викторина ҷавобҳои дуруст ва пурра дода, ҳамчун донишҷӯ-иштирокчии беҳтарин ҳисоб гардид.

Аксияи экологии мазкур аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист” дар доираи амалигардонии нақша оид ба Идоракунии захираҳои обии ҳавзавии минтақаи Сирдарё, бо дастгирии “Лоиҳаи милиии оид ба зазираҳои обӣ дар Тоҷикистон” гузаронида шуд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби давлати Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад ва бо мусоидати Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва Раёсати захираҳои оби Сирдарё амалӣ шудаистодааст.

Ҳоҷибоев Далер

мудири кафедра экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон