Баргузории дарси кушод аз ҷониби омӯзгори кафедраи геология ва нафту газ Туйчиев Ғ.

Санаи 24.10.2023с. тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раёсати таълим роҳбарияти кафедраи геология ва корҳои нафту газ дар синфхонаи минералогия дарси кушоди омӯзгори калони кафедраи мазкур Тӯйчиев Ғ.Т-ро баргузор намуд.  Мавзӯи дарси кушоди имрӯза “Ҷинсҳои порагӣ ва аҳамияти онҳо дар коркади конҳои канданиҳои фоиданок” буда, донишҷӯён дар он фаъолона ширкат намуда, ибрози андеша намуда, донишҳои хешро бо маълумоти омӯзгори варзидаи кафедра Тӯйчиев Ғ. ғанӣ гардониданд. 

Қобили қайд аст, ки дар ин дарси кушод мутахассиси раёсати таълим Шарипов Х., омӯзгори калони кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Тоҳиров А. ва омӯзгорони кафераи геология ва корҳои нафту газ профессор Олимов А.А., ассистентони кафедра Ғуломҳайдарова Х.М. ва Обидов Б.А. ширкат намуданд. Пас аз анҷоми дарси кушод ба тарзи дарсдиҳӣ, маълумотрасонӣ, истифода аз таҷҳизот ва ташреҳи мавзӯъ аз тарафи омӯзгор Тӯйчиев Ғ.Т. аз ҷониби омӯзгорони ширкатдошта,  баҳои баланд дода шуд.