ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯИ ДКМТ ОИД БА ГИРДИҲАМОӢ ДАР БЕРЛИН

Мусаллам аст, ки кайҳо инҷониб миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро ҳамчун мардуми соҳибтамаддуну дорои Ватани обод ва зебо аҳли ҷаҳон мешиносанд. Якчанд нафаре, ки бо маблағгузории хориҷиён ба корҳои иғвою дасисаангезӣ машғуланд, ҳатто фикр намекунанд, ки касе ба онҳо ҳуқуқи муаррифии тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ надодааст. Ин гумроҳшудагон, ки ҳархел кумитаю созмонҳо таъсис медиҳанд, бехабар аз онанд, ки мардуми равшанфикри олам аз дастовардҳои халқи Тоҷикистон бо сарварии роҳбарияти олии кишвар огоҳанд. Дар ҷомеа  ҳаргуна падидаҳое мавҷуд мебошанд, ки тибқи салоҳияти худ мақомотҳои гуногун онҳоро ҳаллу фасл менамоянд. Дар маҳбас будани вазири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров бо қарори суд ба амал омадааст ва мебояд аз ҳуқуқдонон аз ин масъала пурсид. Ҳеҷ нафаре наметавонад нисбати қарори суд бидуни мақомотҳои алоҳида эрод баён намояд.

Ин нафарони нобакор мехоҳанд, ки дар ҷумҳурии Федералии Олмон гирдиҳамоӣ барпо намоянд ва ҳатто намефаҳманд, ки ин амал ба шаъну эътибори миллати сулҳофари тоҷик намезебад ва доғест дар тамаддуни он. Ҳамин нафарон буданд, ки ҳангоми дар вазифа будани Зайд Саидов ӯро ҳамчун ғоратгар ва ҳокими мутлақ фикрронӣ намуда пешниҳод доштанд, ки аз вазифа барканор шавад. Аммо, бо кадом сабабе имрӯз аз озодии ӯпайгирӣ менамояд. Воқеаи баргузидаи дар маҳбасхонаи 3/3-и шаҳри Хуҷандро мақомотҳои салоҳиятнок тафтиш карда истодаанд ва дар анҷоми тафтиш натиҷаи онро ба мардум мефаҳмонанд ва ин масъаларо баҳсе нест.

Ба андешаи мо, танҳо шахсони ватангадову беимон аз кишварҳои дигар талаб мекунанд, ки аз расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва молиявӣ ба Тоҷикистон – Ватани аҷдодиашон худдорӣ намоянд. Нафарони гумроҳу беандешаи нобакор даъво мекунанд, ки кӯмакҳои молиявии давлатҳои дӯст барои саркӯбии озодандешон сарф мешавад. Нодида мегиранд, ки давоми даврони Истиқлолият Тоҷикистон аз давлати қафомондаи харобазор ба мамлакати ободу осуда ва пешрафтаи иқтисодӣ ноил гаштааст. Ин иғвогарону дасисабозонро намефорад, ки дастовардҳои миллату давлати муқаддасамонро воқеъиёнабаҳо диҳанд ё худ сарпарастони хориҷии онҳо барои фаҳмиши ин дастовардҳо онҳоро ҳидоят накардаанд?!!

Мо ба ҳаргуна дасисаю иғво дода намешавем. Дигар ба найрангу фиреб ба дом кашидани мо кори саҳл нест. Ҷавонони имруза бонангу номус ва ҳушёру зирак мебошанд.