ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ ОИД БА ТАЗОҲУРОТИ ТТЭ ҲНИ ДАР БЕРЛИН

Барои мардуми осоиштаҳол дар шароити феълӣ дарёфти луқмаи ҳалол ба меҳнати мунтазам муҳимтар аст. Мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз ва дар оянда низ сиёсати пешгирифтаи дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро комилан дастгирӣ менамоянд ва ҳамеша омода ҳастанд, ки нисбати нафарони иғвокору дасисабоз муқобилияти ҷиддии сазовор нишон диҳанд.

Аз расонаҳои хабарӣ дарёфтем, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълом доштааст, ки санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ гирдиҳамоии бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор хоҳад шуд. Эъломи мазкур аз мақомоти Тоҷикистон дархост намудааст, то фавран дархости Кумитаи Созмони Милали Муттаҳидро дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав”, собиқ вазири саноат – Зайд саидов, муовини роҳбари собиқ ҳизби террористӣ эълонгардидаи Наҳазати исломии Тоҷикистон – Муҳаммадалӣ Ҳаит, вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз 28 сол то ҳабси абад маҳкуми зиндон шудаанд, ҷавоб гӯяд. Фузун бар ин кумитаи мазкур аз созмонҳои байналмилалӣ даъват ба миён овардааст, то аз мақомоти Тоҷикистон гузориши комилеро дар мавриди парвандаи ҷиноии зидди башарӣ ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон муҷозот гардидаанд, талаб намоянд. Дар эъломияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон нуктаи басо ғайримунсифона он аст, ки онҳо аз шарикони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо дархост намудаанд, то кӯмакҳои молии худро, ки ба хотири таҳкими демократия ва амнияти кишвар ба мардуми Тоҷикистон қисмат кардаанд, қатъ созанд, зеро ин маблағҳо дар саркӯбии озодандешони кишвар масраф мешаванд.Ин гуна андешаҳо ва ё даъватҳое, ки кумитаи мазкур иброз доштааст, мо мардуми ватанхоҳу ватандори Тоҷикистонро бетараф ва дар канор гузошта наметавонад. Дар ҳоле, ки ҳазорон нақшаҳои ободиву озодии ин Ватан ва ин халқу миллат амалӣ гардидаанд ва Тоҷикистон сол то сол дар ҳар самту соҳа рушд дорад, ин гуна чирк ҷустанҳо аз гиребон ҳеҷ суде нахоҳад дошт.

 Барои ҳамин, мо ҳайати устодон баргузории ҳама гуна тазоҳуротро маҳкум намуда, ба хотири таҳкими сулҳу субот дар кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмонро ҷонибдорӣ мекунем!