ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕЛОГИЯ ВА КОР БО НАФТУ ГАЗИ ДКМТ ДАР РОБИТА БА ТАЗОХУРОТИ БЕРЛИН

Мо ҳайати устодони кафедраи геология ва кор бо нафту гази донишкада чунин мепиндорем, ки тудаи ифротиҳо боз мехоҳанд, ки дари найрангу фиребро во намуда ба ҷаҳониён чеҳраи зишти худро намоиш диҳанд.  

Ҳар инсони соҳибхирад хуб медонад ва дарк хоҳад кард, ки ин даъват сарчашмаи ихтилофангезӣ ва нооромии на танҳо тоҷикони муқими кишвар, балки тамоми тоҷикони дунё хоҳад шуд. Зеро даъвати КШКГЗСТ ба гирдиҳамоӣ на танҳо аз мардуми Тоҷикистон, балки аз тоҷикистониёни муқими Аврупо, ҳизбу ҷунбишҳо ва алақамандон ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорон низ ба амал оварда шудааст. Ин амали кумитаро метавон як фитна ва ё амалиёти иғвогаронаю нотавонбинонаи мухолифони тоҷик донист. Мусаллам аст, ки паёмадҳои нохуш ва зарарҳои фитна аз хунрезиву куштор низ бештару вазнинтар хоҳад буд. Пас, ин амалиёти фитнаангезро як ҳилаи дигари нооромсозии фазои кишвар, барҳам додани иттиҳоду иттифоқи мардуми шарифи Тоҷикистон метавон ном гирифт.